Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба маҷлиси вакилони Бишкек 6 ҳизб роҳ ёфтааст


Лаҳзае аз раъйдиҳии сокинон
Лаҳзае аз раъйдиҳии сокинон

Шумори умумии раъйдиҳандагон дар интихоботи вакилони халқии шаҳрҳои Бишкек, Ӯш ва Токмаки Қирғизистон 188,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ин 30,5%-и шумори умумии интихобкунандагон аст.

Аз ҳама бештар дар интихоботи вакилони маҷлиси маҳаллӣ сокинони Токмак фаъол буданд, ки 44,5% иштирок кардаанд. Дар Ӯш 43,6% ва дар пойтахти Қирғизистон 24,5%-и афроди қобили раъй овоз додаанд.

Бино ба натиҷаҳои пешакӣ, ки аз сӯи Комиссияи марказии интихоботии Қирғизистон нашр шуд, ба маҷлиси Бишкек 6 ҳизб, ба маҷлиси Ӯш 4 ва ба маҷлиси Токмак 5 ҳизб роҳ ёфтааст.

Ҳизбҳои "Эмгек" - 18,3%, "Ота-Журт Қирғизистон" - 14%, "Ишеним" - 12,4%, "Интимак" - 10,7%, "Сотсиал-демократ" - 8,1% ва "Онугуу-Прогресс" 8,1%-и раъйи мардумро ба даст овардаанд.

XS
SM
MD
LG