Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Агар хеши президент пуштибонӣ накунад, тиҷорат осон нест”. ВИДЕО


Мӯъмин Аҳмадӣ, муаллифи барномаи Озодӣ Онлайн
Мӯъмин Аҳмадӣ, муаллифи барномаи Озодӣ Онлайн

Корбарони Радиои Озодӣ ба таҳқиқи OCCRP, Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта дар бораи сарнавишти бонки “Имон интернешнл” вокуниш карданд.

Радиои Озодӣ ду таҳқиқи рӯзноманигорони хориҷиро дар бораи ин бонк нашр кард.

Журналистон дар ду матлаби таҳқиқӣ ба хулосае расидаанд, ки Бонки миллии Тоҷикистон зимни як амалиёт муассисон ва роҳбарони бонкро маҷбур кардааст, ки бо нархи арзон саҳмияҳои худро фурӯшанд ва роҳбарони ин ташкилот барканор шаванд. Ба гуфтаи рӯзноманигорон, ин амалиёт зери назари Ҷамолиддин Нуралиев, муовини раиси Бонки миллӣ ва домоди президент дар ҳамдастӣ бо як соҳибкори итолиёвӣ сурат гирифтааст. Дар таҳқиқи дуюм сухан аз он меравад, ки аз тариқи ин бонк миллионҳо доллар ба хориҷ рафтааст, вале Бонки миллӣ чашм пушидааст ва баъдан хорҷишавии пулро зиди соҳибони “Имон” истифода кардааст.

Ин матлабҳо дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоии Радиои Озодӣ баҳси хешутаборбозӣ дар ҳукумати Тоҷикистонро доғ кард. Бисёриҳо навиштаанд, ки Ҷамолиддин Нуралиев, муовини раиси Бонки миллӣ бо истифода аз домоди президент будан ба сохтори бонкдорӣ осеб мерасонад.

Шамсуддин, дар шарҳе дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст, ки дар Тоҷикистон шумораи домоду қудоҳо зиёд шудаанд. Ӯ гуфтааст, агар “ҳар яке ба иқтисоди Тоҷикистон инқадар зарар расонад, иқтисод тамоман касод мешавад.”

Корбаре бо номи “Марди Худо” дар сомонаи Озодӣ навиштааст, “агар чунин коре дар кишвари озоду демократӣ ба вуқӯъ мепайваст, натанҳо роҳбарияти Бонки миллӣ, балки кулли ҳукумати кишвар ба истеъфо мерафт ва қисмате пушти панҷара.”

Ин корбар аз даст доштани Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар қазияи “Имон” изҳори ҳайрат карда, гуфтааст, ки созмонҳои хориҷӣ ба ҷойи кӯмак дар ислоҳи вазъ ба қонуншиканиҳо дар Тоҷикистон ҳамроҳ шудаанд. Ӯ гуфтааст, бояд раиси бонки миллӣ ва Ҷамолиддин Нуралиев пас аз ошкор шудани рафторашон истеъфо диҳанд.

“Носфуруш”, корбари дигар навиштааст, ки агар аз наздикони президент ягон нафар тоҷиреро ҳимоят накунад, имкони тиҷорат кардан дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Шарҳи ӯро мехонем: “Имрӯз дар Тоҷикистон бе криша ҳатто носфурӯшӣ карда намешавад. Кадом диктатор мегузорад, ки дар таги биниаш қувваи молиявиву иқтисодие рушд кунад. Ояндаи қувваи молиявиву иқтисодӣ қудрати сиёсӣ аст. Барои ҳамин онҳое, ки фикр мекунанд, ором-ором бизнес карда мегарданд, бояд донанд, ки имрӯз не пагоҳ ба сарашон хатари ғасби ногузир хоҳад омад.”

Муштарӣ, як корбар дар вебсайти Радиои Озодӣ аз Ҷамолиддин Нуралиев пуштибонӣ кардааст. Шарҳашро мехонем: “Ҷамолиддин беҳтарин ва таҷрибадортарин мутахассиси соҳаи бонкӣ аст ва инро шумо иқрор шудаед дар гузориши худатон. Имон ва Эсхата ин як механизми доираҳои беруна аст, ки мехоҳанд нуфузи молӣ ва баъдан сиёсӣ дар кишвар дошта бошанд.”

Император, як корбар дар Инстагарми Радиои Озодӣ ба нафароне, ки мавзуро дуруст сарфаҳм нарафтаанд, чунин навиштааст: “Инҷо гап дар бораи ягон муфлисшавӣ нест. Инҷо гап сари он аст, ки апаи Гулбаҳор таҳти кадом шароит саҳмияҳои бонке, ки худаш ба меҳнати талху зор сохта буд, ба се ташкилоти хориҷӣ дод”.

Гулбаҳор Маҳкамова, яке аз муассисони “Имон” бо журналистон суҳбат накардааст. Бархе корбарон худи ӯро низ гунаҳкор донистаанд. Беном навиштааст, ки “Апаи Гулбаҳор ҳам дар вақташ бо шарофати Имон дар Душанбею Дубаю Амрико хеле бустонсарою хонаҳои боҳашамат харид. Молу сарвату бойгарияш ба 7 пушти ояндааш мерасад”.

Шумо чӣ мегӯед? Назари худро ба матлабҳои Радиои Озодӣ нависед ва ё дар видео сабт кунеду ба мо фиристед.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

“Агар хеши президент пуштибонӣ накунад, тоҷир шуда наметавонӣ”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:44 0:00

XS
SM
MD
LG