Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон қонунмандии шиносномаҳои қирғизии хориҷиҳоро месанҷанд


Шиносномаҳои хориҷии Қирғизистон
Шиносномаҳои хориҷии Қирғизистон

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар доираи таҳқиқи қонунӣ будани шиносномаи қирғизии президенти мактаби байналмилалии "Сабад" Урҳон Инондӣ додани шиносномаи ин кишвар ба шаҳрвандони дигари хориҷиро низ тафтиш хоҳад кард.

Ба гуфтаи вазорат, аз ҷумла таҳқиқ карда мешавад, ки онҳо дар баробари шиносномаи қирғизӣ шиносномаи кишвари дигарро низ доранд, ё не.

"Вазорати умури дохилӣ борҳо фасодкорӣ, хунукназарӣ ва сӯистифодаи хидматчиёни давлатиро ҳангоми додани шиносномаи қирғизӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ, бахусус ба онҳое, ки доғи судӣ доранд ё дар кофтукоб ҳастанд, ошкор кардааст. Вазорат тасмим гирифта, ки дар низоми шиносномадиҳӣ тартибот ҷорӣ карда, тамоми қонуншиканиҳо ва фасодкориҳоро ба ҷомеа расонад", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Раёсати пулиси шаҳри Бишкек 8 июл гуфт, дар рафти тафтиши парвандаи рабуда шудани президенти бедаракшудаи мактаби байналмилалии "Сабад" Урҳон Инондӣ маълум шудааст, ки ӯ ҳангоми дарёфти шиносномаи қирғизӣ шиносномаи туркӣ низ доштааст.

Ба иттилои раёсат, Урҳон Инондӣ аз шиносномаи туркӣ, ки муҳлаташ соли 2024 ба поён мерасид, истифода карда, аз соли 2014 то соли 2018 27 бор аз Қирғизистон ба Қазоқистон, АМА, Русия, Туркия ва Ҳиндустон парвоз кардааст. Ҳамчунин аз соли 2018 бо шиносномаи қирғизӣ 9 бор ба Русия, Қазоқистон ва Ҳиндустон парвоз намудааст.

XS
SM
MD
LG