Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Токио ҳангоми Бозиҳои олимпӣ дар ҳолати фавқулода қарор хоҳад гирифт


Бозиҳои олимпӣ бояд аз 23-юми июл то 8-уми август баргузор шаванд.
Бозиҳои олимпӣ бояд аз 23-юми июл то 8-уми август баргузор шаванд.

Ҳукумати Ҷопон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 дар давраи Олимпиада дар пойтахт, шаҳри Токио, ҳолати фавқулодда ҷорӣ кард. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, сарвазири Ҷопон Ёшиҳиде Суга тасмим гирифт, ки шаҳрро аз 12-уми июл то 22 август зери маҳдудиятҳои шадидтарин нигоҳ дорад, аз ҷумла Олимпиадаи Токио-2020 бидуни мухлисон баргузор мешавад.

Дар ибтидо созмондиҳандагони Токио-2020 розӣ буданд, ки ҳадди аққал 10 000 мухлис ё 50 фоизи иқтидори иншооти варзиширо иҷозат диҳанд, агар Токио аз вазъи фавқулодда берун мешуд.

Бозиҳои олимпӣ бояд аз 23-юми июл то 8-уми август баргузор шаванд.

Аз замони сар задани пандемияи COVID-19 дар аввали соли 2020 ин чорумин ҳолати фавқулоддаи Токио хоҳад буд. Тадбирҳои пешбинишуда барои пойтахт аз манъи ғизохӯрӣ дар тарабхонаҳо ва дархости бастани онҳо то соати 20:00 иборатанд.

"Мо умедворем, ки одамонро дар таътили тобистона, то даме ки ҳама ваксина мегиранд, ҳифз кунем", - гуфтааст Ясутоши Нишимура, вазири эҳёи иқтисодӣ, масъули вокуниши COVID-19.

Ҷопон танҳо 15,2 фоизи аҳолии худро пурра эм кардааст.

Префектураҳои Чиба, Сайтама, Канагава ва Осака низ дар ҳолати фавқулодда қарор хоҳанд гирифт. Аммо, ҳолати фавқулодда дар панҷ префектураи дигар - Ҳоккайдо, Аичӣ, Киото, Ҳйого ва Фукуока - мувофиқи нақша рӯзи якшанбе (11-уми июл) ба охир мерасад.

Дар Ҷопон то ҳол 811000 ҳолати гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа беш аз 14800 нафар ба ҳалокат расидаанд. Шабонарӯзи гузашта 1635 ҳолати нав ва 22 марг қайд шудааст.

Зимнан, Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Токио 11 варзишгар намояндагӣ хоҳад кард: Баҳодур Усмонов, Шаббос Неъматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (ҳарсе бокс), Гулсумбӣ Шарифова, Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҷудо), Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишонов (ҳарду шиноварӣ).

XS
SM
MD
LG