Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати канадагии Centerra Gold ҳамкори қирғизистонияшро ба додгоҳ кашид


Кони Кумтор дар Қирғизистон
Кони Кумтор дар Қирғизистон

Ширкати Centerra Gold Inc. рӯзи 7 июл хабар дод, ки нисбати ҳукумати Қирғизистон ба додгоҳи байналхалқии ҳакамӣ шикояти иловагӣ бурдааст.

Дар изҳороти ширкати канадагии Centerra Gold Inc. омадааст, ки ин бор шикоят нисбати ҷамъияти саҳҳомии "Қирғизолтин", бузургтарин саҳҳоми "Сентерра" ба додгоҳ бурда шудааст.

Дар изҳороти ширкати омадааст, ки "Қирғизолтин" дар якҷоягӣ бо ҳукумати Қирғизистон талоши ғасби кони тилои Қумторро кардааст.

Порлумони Қирғизистон рӯзи 17 май ба девони вазирон дастур дод, ки дар ширкати "Қумтор Голд Компани" мудирияти муваққат ҷорӣ кунад.

Кони тилои Қумторро дар Қирғизистон ширкати канадагии Centerra Gold Inc. коркард мекунад. Ин ширкат аз тасмимҳои охир дар Қирғизистон нигарон аст. Ширкат гуфт, ба додгоҳи ҳакамии байналхалқӣ шикоят хоҳад бурд.

Қумтор калонтарин кони тилои Қирғизистон ба ҳисоб меравад. Қирғизистон дар ин кон 26 дарсад саҳм дорад.

XS
SM
MD
LG