Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон эмшавӣ ба зидди COVID-19 ҳатмӣ шуд


Дар Ишқобод, маркази Туркманистон, сокинон бо ниқоб мегарданд
Дар Ишқобод, маркази Туркманистон, сокинон бо ниқоб мегарданд

Эмшавии сокинони аз 18-сола болои Туркманистон ба зидди коронавируси нав ё COVID-19 ҳатмӣ шуд. Дар ин бора расонаҳои расмии он кишвар 8-уми июл хабар доданд.

Туркманистон яке аз кишварҳое аст, ки дар он расман ягон ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт нашудааст.

Дар хабарҳои расмӣ гуфта нашудааст, ки туркманистониҳоро бо кадом ваксина зидди коронавирус эм мекунанд. Вале президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов 27-уми июни имсол фармон дар бораи хариди 1,5 миллион моя ваксинаи чинии "Синофарм"-ро имзо карда буд.

Мақомоти Туркманистон моҳи январи соли равон дар Осиёи Марказӣ нахустин шуда, ваксинаи русии "Спутник V" ва "ЭпиВакКорона"-ро ба қайд гирифта буданд. Мақомоти рус мегӯянд, ин ду ваксина феълан ҳатто барои бозори дохилиашон намерасанд.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон низ эмшавии сокинони аз 18-сола болоро ҳатмӣ карда буданд.

XS
SM
MD
LG