Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршикании кормандони ширкати "Glovo" дар Алмато


Даҳҳо корманди ширкати дастраскунандаи "Glovo" 7 июл дар шаҳри Алматои Қазоқистон бо талаби шароити беҳтари корӣ корпартоӣ карданд.

Кормандони норозӣ дар нимаи дувуми рӯз баъди роҳ наёфтан ба қабули раҳбарияти худ талош карданд, ки роҳи Желтоксанро дар ноҳияи Бостандик банданд.

Эътирозгарон ба корфармо 23 талаб пешниҳод карданд. Аз ҷумла, аз раҳбарияти "Glovo" хоста шудааст, ки ҳаҷми маоши кормандонро баланд бардорад ва низоми пардохти иловапулию ба қайдгирии фармоишҳоро тағйир диҳад. ​Ҳамчунин масъалаи бима кардани кормандоне ҳам матраҳ шудааст, ки бо дучарха фармоишро мерасонанд.

Ба навиштаи сомонаи "Vласт", эътирозгарон дар назди дафтари марказии ширкат беш аз як соат истоданд, вале ба назди онҳо, ба ҷуз аз муовини раиси ноҳияи Бостандик Маржан Балбоева касе набаромад. Балбоева гуфт, кормандоне, ки аз шароити кории худ норозӣ ҳастанд, метавонанд ба додгоҳ муроҷиат кунанд.

Раҳбарияти ширкат танҳо баъд аз он ки кормандонаш кушиши бастани роҳро карданд, онҳоро ба "гуфтугӯ" даъват кард.

Ҳудуди як моҳ пеш кормандони ширкати дастраскунандаи "Wolt" дар Қазоқистон коршиканӣ карда буданд. Онҳо талаб доштанд, ки тарифи пешини пардохти маош баргардонида шавад ва раҳбарияти ширкат низ талаби кормандонашро иҷро кард.

XS
SM
MD
LG