Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази табобат аз COVID-19 дар Узбекистон аз беморон пур шудааст


Расонаҳои Узбекистон хабар доданд, ки яке аз ду бемористони махсуси гирифторони коронавирус дар ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканди Узбекистон аз беморон пур шудааст.

Олимҷон Исҳоқов, муовини мудири бемористони рақами 1, гуфт, муассисаи мазкур, ки барои қабули 2 ҳазор бемор зарфият дорад, имрӯзҳо 2550 гирифтори вабои коронавирусро қабул кардааст.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дида мешавад, дар бемористони мазкур чӣ гуна дар ҳуҷраҳои барои 4 бемор пешбинишуда 6-8 гирифтори коронавирус хобанд.

Дар ҳамин ҳол, Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев, раиси шаҳри Тошканди Узбекистон, дастур додааст, ки чаҳор маркази табобат аз коронавирус дубора фаъол шаванд.

Нурмат Отабеков, як масъули Вазорати ҳифзи тандурустии Узбекистон, рӯзи 6-уми июл гуфт, вазъи паҳншавии вабои коронавирус дар он кишвар дар ҳоли бадшавӣ аст ва дар ин робита комиссияи вижа тасмим гирифт, маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кунад.

Отабеков гуфт, дар Узбекистон дар ду ҳафтаи охир ҳамарӯза 3-4 кас аз коронавирус мефавтанд.

XS
SM
MD
LG