Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҳбону Раҳмонова, модари Афзалшоҳи Шодиро дафн карданд. ВИДЕО


Модари Афзалшоҳи Шодиро ба хок супурданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

Модари Афзалшоҳи Шодиро ба хок супурданд

Моҳбону Раҳмонова, модари овозхони шинохта Афзалшоҳи Шодиро, ки дар 82-солагӣ даргузашт, рӯзи 6-уми июл дар Панҷакент дафн карданд. Раҳмонова наздик ба 50 сол ҳамчун омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтааст.

Абдухолиқ Холиқзода, раиси шаҳри Панҷакент, дар маросими видоъ бо ӯ гуфт, “агар ба ҳаёту кору модари азиз чашм дӯзем, аз замони раисии шавҳарашон, Султонмурод Шодиев, тамоми бори зиндагиро ба дӯш доштаанд.”

Фавти Моҳбону Раҳмонова ба замоне рост омад, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон паҳншавии дигарбораи бемории ҳамагирро тасдиқ карда, ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи фавти ин ё он нафар аз коронавирус ё бемориҳои ба он монанд хабар медиҳанд. Ба гуфтаи пайвандону наздикони Моҳбону Раҳмонова, ӯ бемории ҷиддӣ надошт.

“Чанд вақти охир дар шаҳри Душанбе тӯй доштем, модарам иштирок доштанд. Нағз буданд, нохост даргузаштанд. Ягон беморӣ надоштанд. Шӯхӣ бо шухӣ, хандакунон аз дунё рафтанд”, -- гуфт Афзалшоҳи Шодӣ.

Аз Моҳбону Раҳмонова панҷ фарзанду ҳудуди 60 набераву абера мондааст.

XS
SM
MD
LG