Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар 2 рӯз ҳудуди 2000 узбекистонро барои бениқобӣ ҷазо додаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Рӯзи шанбеи гузашта дар кӯчаву хиёбонҳои Узбекистон 964 кас барои риоя накардани маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус ва напӯшидани ниқоби тиббӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Рӯзи якшанбе низ 985 қоидавайронкунии ҳамсон сабт гаштааст.

Ба хабари Раёсати пулиси шаҳри Тошканд, рӯзи 3-юми июл 4885 кас ва 4-уми июл 4764 нафар барои риоя накардани қоидаҳои карантин огаҳӣ гирифтаанд.

Ҳамчунин 11 шахси ҳуқуқӣ барои нақзи карантин дар рӯзи якшанбе ҷарима шуданд.

Пештар хабар дода шуда буд, ки комиссияи ҷумҳуриявии Узбекистон барои мубориза бо коронавирус ба иллати бад шудани вазъи эпидемиологӣ аз 28-уми июн то 12-уми июл маҳдудиятҳои марбут ба коронавирусро сахттар кардааст.

Банди 54-и Кодекси маъмурии Узбекистон барои надоштани ниқоби тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар давраи карантин ва паҳншавии бемории сироятӣ, ки ба саломатии инсон хатар дорад, то 1 миллиону 225 ҳазор сӯм (115 доллар) ҷарима пешбинӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG