Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оливер Стоун дар бораи Назарбоев филми ҳаштсоатӣ гирифт


Оливер Стоун
Оливер Стоун

Филмсоз Оливер Стоун дар бораи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев филми ҳуҷҷатии ҳаштсоатиеро бо номи "Таърихи одами тилоӣ" ба навор гирифтааст. Дар ин бора худи муаллиф дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.

Стоун инчунин афзуда, ки барои иштирок дар нахустнамоиши филмаш ба Қазоқистон хоҳад рафт. Президенти пешини Қазоқистон дар ин филм даврони кӯдакӣ ва пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравиро қисса мекунад.

Оливер Стоун филмсоз, сенарист ва коргардони амрикоиест, ки се бор ҷоизаи маъруфи "Оскар"-ро соҳиб шудааст.

Ӯ соли 2017 филми ҳуҷҷатӣ ва китоберо бо номи "Мусоҳиба бо Путин" нашр кард. Президенти Русия дар он суҳбат, аз ҷумла мегӯяд, фоҷеаи ҳавопаймои "Боинг"-и Малайзияро дар осомони Донбасс корманди испанитабори фурудгоҳи Киев назорат мекард ва гуё ӯ дар наздикии "Боинг" ҳавопаймои низомии Украинаро дидааст, вале дар асл дар фурудгоҳи Киев ингуна корманд нест.

Стоун ба ҷуз аз Путин дар бораи Фидел Кастро низ филми ҳуҷҷатӣ таҳия кардааст.

Назарбоеви 80-сола моҳи марти соли 2020, пас аз 30 соли раҳбарии Қазоқистон аз мансабаш истеъфо дод. Вақтҳои охир дар назди мардум ҳозир намешавад. Ӯ дар ҳоли ҳозир раиси ҳизби ҳокими “Нур Отан” ва Шӯрои амнияти Қазоқистон аст. Ҳамчунин аз унвони "Пешвои миллат" баҳравар мебошад, ки ӯро аз ҳама гуна таъқибҳо эмин нигаҳ медорад.

Дар Қазоқистон пойтахт, фурудгоҳи байналмилалии он ва кӯчаҳои марказии вилоятҳоро ба номи Назарбоев гузоштаанд. Яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Алмато низ номи ӯро гирифта, то ба ҳол дар ин кишвар чанд муҷассамаи Назарбоев қомат афрохтааст.

XS
SM
MD
LG