Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тундгароҳо дар Тифлис ба рӯзноманигорони Озодӣ ҳамла карданд


Торнике Мандария ва Дато Коридзе.
Торнике Мандария ва Дато Коридзе.

Дар шаҳри Тифлис (Тбилиси)-и Гурҷистон рӯзноманигорони бахши гурҷии Радиои Озодӣ Торнике Мандария ва Дато Коридзе пушти дари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид латукӯб шуданд. Васоили кории онҳо шикаста шуд.

Расонаҳо навиштанд, ки бо иштироки мухолифони роҳпаймоии ҳамҷинсгароён ба ҳимоят аз ҳуқуқи ақаллиятҳои ҷинсӣ дар шаҳри Тифлис беназмӣ сар задааст.

Созмондиҳандагони роҳпаймоӣ пештар хабар дода буданд, ки соати панҷи бегоҳии 5 июл дар хиёбони Руставелии Тифлис ҷамъ мешаванд. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, даҳҳо мухолифи роҳпаймоӣ дар назди коргоҳи созмони ҷамъиятӣ, ки созмондиҳандагони чорабинӣ дар онҷо буданд, ҷамъ шуда, бо истифода аз нерӯ чандин лавҳаро канданд.

Хабаргузории "Интерфакс" навишт, ки кормандони пулис ба раванди ҳодиса дахолат накарданд ва дар хиёбони мазкур ҳазор одам ҷамъ омадаанд, то ба баргузории роҳпаймоӣ иҷозат надиҳанд.

Рӯзи 5 июл дар назди бинои порлумони Гурҷистон чандин рӯзноманигор ва наворбардор мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Ҳамлагарон фарёд мезаданд, ки рӯзноманигорон дар Гурҷистон идеяҳои ҷомеаи ҳамҷинсгароиро таблиғ мекунанд.

Сарвазири кишвар Ираклий Гарибашивилӣ қаблан баргузории роҳпаймоиро дар маркази Тифлис ғайримақсаднок номида буд. Ӯ гуфт, роҳпаймоӣ боиси задухӯрди маданӣ хоҳад шуд. "Инҷо Гурҷистон аст ва мо ойину тартиботи худро дорем", - афзуд вай.

XS
SM
MD
LG