Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамазон Қодиров гуфт, "касе ваксина намегирад, монед азоб кашад". ВИДЕО


Рамазон Қодиров, раҳбари худкомаи Чеченистон

Бо зиёдтар шудани теъдоди гирифторони COVID-19 дар Русия, дар ҷумҳурии Чеченистони ин кишвар ба мардум таҳдид кардаанд, ки агар ваксина нагиранд, сахт танбеҳ мешаванд. Мақомоти баландпоя гуфтаанд, онҳое, ки ваксина намегиранд, дар сурати эҳтиёҷ муолиҷа намешаванд.

Ҳоло дар ин ҷумҳурӣ маъракаи оммавии ваксинзанӣ ба зидди СОVID-19 идома дорад ва Рамазон Қодиров, раҳбари худкомаи Чеченистон гуфтааст, ҳар касе ваксина намегирад, аз ҳаққи муолиҷа маҳрум мешавад. Ӯ моҳи май ҳангоми мулоқот бо мақомоти расмӣ чунин ҳушдори тарсноке дод.

“Онҳое, ки майли ваксина гирифтан надоранд, ба тамоми суолҳояшон ҷавоб мегиранд. Агар посухҳо қонеашон накард, пас аз ҳама охир муолиҷа мешаванд. Бигзоред ваҳшатнок будани норасоии оксигенро эҳсос кунанд”, -- афзуд ӯ.

Баъд аз чунин ҳушдори Қодиров, маъракаи ваксинзанӣ дар Чеченистон суръат гирифт. То охири моҳ аз миёни 1 миллиону 400 ҳазор нафар аз аҳолии ҷумҳурӣ 220 ҳазор нафар ваксина гирифтаанд, ки аз баландтарин нишондодҳо дар Русия аст.

Айни замон сирояти коронавирус ҳам зиёд шудааст ва Элхон Сулаймонов, вазири тандурустии Чеченистон ояндаи тираеро пешбинӣ мекунад. “Бисёре аз мардум медонанд, ки баъд аз мавҷи сеюми пандемия, чаҳоруму панҷуму дигараш ҳам меояд”, -- мегӯяд ӯ.

Баъзе аз чеченҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, илоҷе ба ғайр аз гирифтани ваксина надоранд. Як устоди донишгоҳ гуфт, агар ваксина нагирад, аз кор меронанд. Як корманди ҳукуматӣ гуфт, ки ба худу аҳли оилааш дастур доданд, ваксина бигирад.

Бино ба гузоришҳо, ба пулис ҳам дастур додаанд, шахсонеро, ки ваксина нагирифтанд, ҷамъ карда, барои ваксиназанӣ ба шифохонаҳо баранд. Магомед Довудов, раиси порлумони Чеченистон ҳушдор додааст, бачаҳои онҳоеро, ки ваксина нагирифтаанд, ба мактаб роҳ намедиҳанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Рамазон Қодиров гуфт, касе ваксина намегирад, монед азоб кашад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:34 0:00

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG