Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Курдҳо 20 тан аз фарзандони ҷангҷӯёни ДОИШ-ро ба Русия супурданд


Як макони нигаҳдории зану кӯдакони ҷангҷӯёни ДОИШ дар Сурия
Як макони нигаҳдории зану кӯдакони ҷангҷӯёни ДОИШ дар Сурия

Курдҳои Сурия 20 фарзанди ҷангҷӯёни гурӯҳи ДОИШ-ро, ки дар паноҳгоҳҳо нигаҳдорӣ мешуданд, ба Русия супурдааст.

Падар ва ё модари ин кӯдакон шаҳрванди Русия дониста мешаванд, ки барои пайвастан ба ДОИШ ба Сурия ва Ироқ сафар карда буданд.

Пас аз шикасти ДОИШ занону кӯдакони ҷангҷӯёни ин гурӯҳ ба дасти нерӯҳои курд, ки қисмате аз хоки Сурияро дар даст доранд, асир афтоданд. Падарони онҳо кушта шудаанд ва ё дар зиндон қарор доранд.

Мақомоти курд гуфтанд, ки кӯдакон рӯзи 3-уми июл ба ҷониби Русия дода шуданд.

Расонаҳои зери назорати нерӯҳои курд навиштаанд, ки Лариса Николаевна, раҳбари Комиссияи ҳуқуқи кӯдаки Русия гуфтааст, талош доранд, ҳама кӯдаконро баргардонанд.

Дар ҳудуде, ки курдҳо зери назорат доранд, беш аз 10 ҳазор зану кӯдакони ҷангҷӯёни хориҷӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Курдҳо ва созмони Салиби Сурх аз 60 кишвари ҷаҳон, ки шаҳрвандонашон дар паноҳгоҳҳо нигаҳдорӣ мешаванд, хостаанд, ки онҳоро баргардонанд.

Дар ду паноҳгоҳ дар Сурия наздики 600 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешавад.

Мақомоти тоҷик бо вуҷуди ваъдаи батакрор ҳанӯз ҳеҷ нафаре аз онҳоро барнагардондаанд.

XS
SM
MD
LG