Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо назардошти паҳншавии «Delta» раиси Комиссияи Иттиҳоди Аврупо ба эмгузаронӣ давъат кард  


Урсула фон дер Лейен, раиси Комиссияи Иттиҳоди Аврупо
Урсула фон дер Лейен, раиси Комиссияи Иттиҳоди Аврупо

Раиси Комиссияи Иттиҳоди Аврупо аз мардум даъват кард, ки бо назардошти паҳн шудани навъи «Delta»-и коронавирус ваксинаи зидди COVID-19 гиранд. Навъи «Delta», ки бори аввал дар Ҳиндустон кашф шуд, ҳоло ҳадди аққал дар 85 кишвар мавҷуд аст ва боиси рӯ задани мавҷи нави сироятҳо дар чанде аз кишварҳо шуд. Ин навъи короновирус назар ба ҳамаи навъҳои дигар бо суръати бештар сироят мекунад.

Урсула фон дер Лейен раиси Комиссияи Иттиҳоди Аврупо, ки рӯзи 2-юми июл дар Литва сӯҳбат мекард, гуфт, ки сатҳи сироят аз ҳисоби ин навъ меафзояд. Ӯ афзуд, "хушхабар" ин аст, ки ваксинаҳои мавҷудаи COVID-19 бар зидди ин навъи вирус ҳам коромад ҳастанд.

Индонезия рӯзи 3-уми июл дар Ҷакарта, дар ҷазираи Ява ва дар Балӣ, қисман маҳдудият ҷорӣ кард. Масҷидҳо, тарабхонаҳо ва марказҳои савдо ва дигар нуқтаҳои паҳшавии эҳтимоли вирус дар саросари ин кишвар, ки аксарияти ҷамъияташ мусалмон аст, баста шудаанд. То рӯзи 2-уми июл дар Индонезия беш аз 25 ҳазор ҳолати нав ва марги 539 нафар сабт шуд, ки аз оғози пандемия нишондоди аз ҳама баланд дар як рӯз мебошад.

Дар аёлати ҷанубии Уэлси Австралия афзоиши аз ҳама зиёди ҳамарӯзаи COVID-19-ро дар соли равон ба қайд гирифтанд. Дар давоми ду ҳафта шаҳри Сидней аз хуруҷи короновируси навъи "Делта" зарари бештар дид.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG