Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар бузургтарин тарабхонаи шаҳри Хоруғ "Марко Поло"


Боми тарабхонаи "Марко Поло" дар Хоруғ пас аз сӯхтор

Дар яке аз калонтарин тарабхонаҳои шаҳри Хоруғ бо номи “Марко Поло" сӯхтор ба амал омадааст.

Оташсӯзи ҳафтаи ҷорӣ ва замоне сар задааст, ки дар ин тарабхона ҷашни арӯсӣ ҷараён дошт. Дар наворе, ки корбарони Радиои Озодӣ рӯзи 2-уми июл аз шаҳри Хоруғ фиристодаанд, дида мешавад, аз боми тарабхона дуд ба ҳаво мепечад ва меҳмонони тӯй ба кӯча баромадаанд. Ба гуфтаи шоҳидон боми тарбахона сӯхта, касе дар ин ҳодиса осеб надидааст. Сабаби оташсӯзӣ ва хисороти расида аз он расман эълон нашудааст. Сар задани сӯхтор дар ошхонаву тарабхонаҳои Тоҷикистон дар гузашта низ ҷой доштааст. Дар аксари ҳолатҳо сабаб расиши ноқилҳои барқӣ ва ё истифодаи беэҳтиётонаи таҷҳизоти хӯрокпазӣ гуфта мешавад

XS
SM
MD
LG