Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон сокинонро иҷборан бо ваксинаи чинӣ эм мекунанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ шикоятҳоеро дарёфт менамояд, ки дар баъзе аз минтақаҳои Узбекистон сокинонро бо ваксинаи чинӣ зидди коронавирус иҷборан эм мекунанд.

Яке аз кормандони корхона металлургии Навоӣ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ба кормандони корхона имкон дода намешавад, то ваксинаро худашон интихоб кунанд. Онҳоро иҷборан бо ваксинаи чинӣ эм мекунанд.

"Моро гуфтанд, ки дар давоми як моҳ бояд ҳама эм карда шавад. Касонеро, ки эм нашудаанд, ба ҳудуди корхона роҳ намедиҳанд. Мо зидди эмшавӣ нестем, вале ба мо танҳо ваксинаи чиниро пешниҳод мекунанд. Метарсем, ки ин ваксина ба саломатии мо зарар нарасонад",- изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Расонаҳои маҳаллӣ пештар хабар доданд, ки Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии Узбекистон бо ирсоли нома ба тамоми корхонаҳо "тавсия" додааст, то кормандони худро эм кунанд.

Вазорати тандурустии Узбекистон чанде пеш хабар дод, ки аз Чин ба ин кишвар боз 1 миллион мояи ваксинаи ZF-UZ-VAC2001 оварда шуд. Узбекистон ҷамъан 6,5 миллион мояи ин ваксинаро дарёфт кардааст. Дар он кишвар дар баробари ваксинаи чинӣ ваксинаҳои "AstraZeneca" ва "Спутник V" истифода мешавад.

XS
SM
MD
LG