Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Жанаозен 600 корманди "КЕЗБИ" коршиканӣ карданд


Жанаозен, Қазоқистон. 30 июн, 2021.
Жанаозен, Қазоқистон. 30 июн, 2021.

Ҳудуди 600 корманди ширкати "КЕЗБИ" дар Жанаозени Қазоқистон бо талаби шароити беҳтари корӣ ва баланд бардоштани маош корпартоӣ карданд.

Яке аз эътирозгарон Нурсултон Нуримов гуфт, "21 июн шаҳрдорӣ, нозироти меҳнат ва корфарморо аз тасмими корпартоӣ огаҳ карда будем, вале ҳеч посухе нагирифтем. Ҳамин тариқ имрӯз, 30 июн мо корро пурра қатъ кардем. Аз соати 6 касе ба кор набаромад".

Кормандони "КЕЗБИ", аз ҷумла талаб доранд, ки маошашон баланд ва барои кор дар рӯзҳои ид пули иловагӣ пардохт шавад.

Ба гуфтаи кормандон, дар ҳоли ҳозир аз ҷониби онҳо чор нафар Азамат Жапаров, Жолмурат Уликпанов, Баймурат Ажекенов ва Сабит Молдабеков дар гуфтугӯҳо бо ҷониби корфармо, ки намояндагони шаҳрдорӣ, вазорати меҳнат, раёсати пулис ва муовини раиси вилояти Мангистау ҳам ҳузур доранд, иштирок мекунанд.

Кормандон ҳамчунин аз корфармо талаб доранд, ки ба кори иттифоқи касабаи таъсисдодаи онҳо дахолат накунад. ​Кормандони "КЕЗБИ" 25 июли соли 2019 иттифоқи касабаеро таъсис дода буданд.

"КЕЗБИ" соли 1992 таъсис ёфта, дар таъмири чоҳҳои нафт ба ширкатҳои вилояти Мангистау хидмат мерасонад.

XS
SM
MD
LG