Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марде, ки 39 зан ва 94 фарзанд дошт, дар Ҳиндустон даргузашт. ВИДЕО


Марде, ки дар Ҳиндустон 39 зан дошт

Марди 76-сола, ки 39 зан ва 94 фарзанд дошт, дар минтақаи шимолу шарқи Ҳиндустон рӯзи якшанбеи 28-уми июн даргузашт. Дар ин бора вазири корҳои дохилии аёлати Мизорам, ки ӯ он ҷо мезист, хабар дод.

Зиона Чана, роҳбари рӯҳонии мазҳаби насронии маҳалии “Чана Пол” аст, ки бисёрзаниро иҷозат медиҳад. Ин мазҳабро падари ӯ соли 1942 поягузорӣ кардааст. Садҳо сулола ва ҳудуди ду ҳазор нафар пайравони ин мазҳаб ҳастанд. Ҳамаи онҳо дар деҳаи Бактаванг зиндагӣ мекунанд, ки бо шарофати ин мазҳаб ба як макони зиёрати сайёҳон табдил шудааст.

Ба навиштаи рӯзномаҳои маҳаллӣ, ин оила дар умум 181 нафар узв дорад ва бо назардошти набераву абераҳо яке аз оилаҳои бузурги дунё аст.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Даргузашти сарвари бузургтарин оилаи саросари олам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:54 0:00

Як рақиби дигари ин оила Уиллиям Блэкмор, роҳбари фирқаи бисёрзанҳо дар Канада аст , ки аз 27 зан 150 фарзанд дорад, ки дар маҷмӯъ аҳли оилааш 178 нафаранд.

Зиона бо аҳли оилаи бузурги хеш дар як бинои чорошёна зиндагӣ мекард, ки садҳо хона дорад. Ӯ соҳиби корхонаи мебелсозӣ ва хоҷагии хукпаравӣ буд, ки дар он ҳамдеҳагонашро бо кор таъмин мекард.

Зиона бори аввал дар 17 солагӣ издивоҷ карда буд ва иддао дошт, ки боре дар як сол 10 бор тӯи арусӣ барпо карда буд. Завҷаҳояш дар хобгоҳ дар наздикии утоқи зисти ӯ ба сар мебурданд. Рӯзона кӯдакон ва модарони онҳо дар полез машғули кор буданд. Танҳо дар як хӯроки шом аҳли ин оила 30 дона мурғ, 60 килограмм картошка ва 50 килограмм биринҷро истеъмол мекарданд.

Бо вуҷуди бузург будани оила, Зиона соли 2011 ба оҷонсии Ройтерс гуфта буд, ки мехоҳад оилаашро аз ин ҳам васеътар кунад.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG