Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сокини Туркманистон барои талаби нишон додани фармони ваксинзанӣ ҷарима шуд


Мурод Душемов.
Мурод Душемов.

Мурод Душемов, як сокини Туркманистонро барои талаби нишон додани фармони ваксинзании зидди коронавирус 28 доллар ҷарима карданд. Душенов дар интернет навори ба беморхона рафтанашро нашр кард. Вай дар беморхона талош кард, ки фармони вазорати тандурустиро дар бораи ваксиназании иҷборӣ дастрас кунад. Дар беморхона ба вай гуфтанд, ки ҳеч гуна фармоне мавҷуд нест. "Ба мо дастур доданд, ки сокинони куҳансолро ваксина занем", - гуфт як масъули беморхона.

Баъди ин баҳс бо масъулони бемористон Душемовро рӯзи дигар ба додгоҳи ноҳияи Безмеини он кишвар даъват ва маҷбур карданд, ки баёноти омодашударо имзо кунад. Дар он баёнот навишта шуда буд, Душемов эътироф мекунад, ки дар ҷои ҷамъиятӣ ҷанҷол карда ва аз ин ба баъд чунин корро нахоҳад кард. Додгоҳ ӯро 100 манат - муодили 28 доллар ҷарима кард.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Туркманистон то кунун мавҷудияти коронавирусро дар кишвар рад мекунанд. Дар навбати худ расона аз гирифтории сокинон он кишвар ба вабои коронавирус хабар медиҳанд.

XS
SM
MD
LG