Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як рӯзи охир дар Тоҷикистон 24 ҳолати сироят ба коронавирус сабт шудааст


Як маркази ташхисӣ дар Душанбе
Як маркази ташхисӣ дар Душанбе

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар як рӯзи охир 24 ҳолати дигари гирифтории сокинон ба коронавирусро сабт кардааст.

Коршиносон тахмин мезананд, ки омори воқеии гирифторони короновирус дар кишвар метавонад аз ин бештар бошад.

Мақомоти Тоҷикистон аз моҳи январ ба такрор мегуфтанд, ки дигар ягон ҳолати гирифтории сокинон ба коронавирусро сабт накардаанд.

Сокинон ва бархе пизишкон бидуни зикри ном ба расонаҳо аз даҳҳо ҳолати гирифторӣ ба КОВИД-19 хабар дода буданд.

Дар ниҳоят рӯзи 21-уми июн Ситоди муқобила бо COVID-19 тасдиқ кард, ки дар Тоҷикистон сирояти ин вирусро сабт кардаанд.

Вазорат мегӯяд, дар беш аз як соли ахир ҳамагӣ 90 нафар дар пайи сироят ба КОВИД-19 фавтида ва беш аз 13 ҳазор нафар ба он сироят ёфтаанд. Оморе, ки коршиносон онро боварнокарданӣ медонанд.

XS
SM
MD
LG