Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони боздоштшуда дар марз бо Қирғизистонро дар Тоҷикистон нашинохтанд


Заноне, ки иддао мешавад, тоҷиканд ва дар марз бо Қирғизистон боздошт шудаанд
Заноне, ки иддао мешавад, тоҷиканд ва дар марз бо Қирғизистон боздошт шудаанд

Мақомоти Тоҷикистон хабари расонаҳои Қирғизистонро дар бораи боздошти як гурӯҳ занони тоҷик дар марз тасдиқ ё рад намекунанд, вале мегӯянд, ошкор карда натавонистанд, ки боздоштшудаҳо оё воқеан аз Тоҷикистонанд ва аз кадом ноҳияи он. Ҳамчунин аз сарнавишти баъдинаи онҳо изҳори бехабарӣ мекунанд.

Тасдиқи Қирғизистон ва рад кардани Тоҷикистон

Расонаҳои Қирғизистон рӯзи 24-уми июн бо пахши як видео гуфтанд, гурӯҳи тақрибан 10 нафарии занон ҳангоми гузаштан аз марз барои кор дар заминҳои як тоҷири қирғиз аз тарафи ихтиёриён ё дружиначиёни қирғиз боздошт шудаанд. Ин хабарро Кумитаи марзбонии Қирғизистон тасдиқ кард ва гуфт: “Гурӯҳи “ихтиёриёни халқӣ” занонеро, ки ғайриқонунӣ марзро убур карда, гузаштан мехостанд, нагузоштанд. Як шаҳрванди Қирғизистон бо нақлиёти боркашони “Портер” кӯшиш дошт аз Тоҷикистон ба ҳудуди Қирғизистон якчанд коргарзанонро барои кори кишоварзӣ гузаронад. Ихтиёриён онҳоро аз наздикии нуқтаи шартан муайяншудаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон боздоштаанд”.

Воқеа дар роҳ ба тарафи деҳаи “Ақ-Ариқ”-и ноҳияи Лайлак, саҳрои Кулунду рух додааст, ки бо ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳаммарз аст.

Аҳмадҷон Шукурзода, раиси ҷамоати Овчиқалъачаи ин ноҳия, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Аз нашри чунин хабар огоҳ шудем, вале маълум кардем, ки ин занон сокини маҳаллаҳои Овчиқалъача нестанд. То ҳол аз ҷониби ягон сокин доир ба боздошти наздиконашон дар ин ҳодиса ба мо муроҷиат нашудааст. Ҳоло мо маълум карда истодаем, ки ин занони боздоштшуда кӣ ҳастанд ва чӣ гуна ба минтақаи Қирғизистон ворид шудаанд”.

Масъулони ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯянд, дар пайи маълум кардани ҳодисаи боздошти занони тоҷик аз тарафи ихтиёриёни ноҳияи Лайлаки Қиризистон ҳастанд. Матлуба Ҷурабоева, як масъули ҷамоати Хистеварз ба Радиои Озодӣ гуфт, аз боздошт шудани занони ин ҷамоат хабар доранд, вале ҳоло бояд маълум шавад, ки чӣ гуна онҳо аз сарҳад убур кардаанд. “Чунки баъди муноқишаи мусаллаҳонаи 28 ва 29- уми апрел убури шаҳрвандон, ба хусус занонро ба тарафи заминҳои ҳамсоя манъ карда буданд”,--гуфт ӯ.

Дар ҷустуҷӯи занони боздоштшуда

Як манбаъ аз мақомоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 25 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки заноне, ки дар видео ҳастанд, сокинони ин ҷамоат нестанд. Чанде аз ҳамсӯҳбатони мо дар ин минтақа мегӯянд, эҳтимол ин сокинон аз дигар ноҳияи наздик ба инҷо барои кор омадаанд ва аз бехабарӣ ба марзи ҳамсоя гузаштаанд. Ҳоло дар аксари деҳот ва киштзорҳо мавсими ҳосилғундорӣ аст ва занони як минтақа ба минтақаи дигар барои кор мераванд.

Чанде аз ҳамсуҳбатони мо ҳадс заданд, ки шояд ин занони деҳаҳои марзӣ аз ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳастанд. Вале аз Ҳукумати ин ноҳия низ гуфтанд, ки чунин ҳолатеро дар ҷамоатҳо сабт накардаанд. Тоҳир Қудратзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “мо тавассути сохторҳои низомӣ ва фаъолон дар ҳама гушаҳои ноҳия ҷустӯҷу кардем, вале маълум шуд, ки занони дар видео буда сокинони ноҳияи мо нестанд”.

Зумрад Муталибова, яке аз фаъолзанони ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳам гуфт: “Мо дар ҷамоатҳои Сомониён, Гулхона, Ғулакандоз ва чандин ҷамоати дигар аксҳои занонро даст ба даст ба ҳама нишон додем, вале гуфтанд, ки онҳоро намешиносанд”.

Аз мақомоти марзбонии Тоҷикистон ин хабарро то ҳол расман тасдиқ ва ё рад накардаанд. Вале як манбаъ аз ин ниҳод гуфт, ки “ин хабар тасдиқи худро наёфтааст ва занони боздоштшуда шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд”.

Қирғизистон мегӯяд, ронандаҳояшро дар Тоҷикистон боздошт кардаанд

Нашри хабари убури марз аз ҷониби сокинони Тоҷикистон дар ҳолест, ки пас аз муноқишаи ахири мусаллаҳона дар байни ду кишвар охири моҳи май аз ҷониби Қирғизистон вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон расман манъ шуд. Ба гуфтаи сокинон, дар марзи ҷониби Тоҷикистон низ низомиёни тоҷик убуру вуруди аҳолии марзиро шабонарӯзӣ назорат мекунад.

Ин дар ҳолест, ки тибқи хабари бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон даҳҳо мошини боркаши ронандаҳои қирғиз боздошт шудаанд.

Вобаста ба ин, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Қирғизистон Токон Мамитов ба Омбудсмени Тоҷикистон Умед Бобозода нома фиристодааст.

Дафтари матбуоти омбудсмен гуфтаааст, ки ронандаи қирғиз Виталий Шултс аз ҷониби марзбонони тоҷик "гаравгон гирифта шудааст" ва вазъ таҳти назорати омбудсмен аст.

Рӯзи 24-уми июн маълум шуд, ки ронандаи қирғиз Виталий Шултс дар як гузаргоҳи гумрукӣ дар гузаргоҳи Фотеҳободи Узбекистон ва Тоҷикистон боздошт шудааст. Ӯро рӯзи 21-уми июн ҳангоми аз Олмон ба роҳи Узбекистон ворид шудан ба Тоҷикистон боздошт карданд. Дар Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки боздоштани он ба сабаби камбудӣ дар санади Шултс бастагӣ дорад. Баъдтар сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон гуфт, ки дар марз тақрибан даҳ мошини боркаши қирғиз мавҷуд аст ва вазъ таҳти назорати махсус қарор дорад.

Даргириҳои марзии рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, аз ду ҷониб даҳҳо кушта ва садҳо захмӣ бар ҷой гузошт. Ҳарду ҷониб якдигарро дар сар задани муноқишаи ахир айбдор мекунанд ва ин муноқиша муносибати ду кишварро сард кард. Дар пайи ин “ихтиёриёни халқӣ” дар Қирғизистон фаъол шуданд ва дар гузашта аз боздошти чандин мошинҳои калони боркаш дар ҳудуди ин ҳамсоякишвари Тоҷикистон низ хабарҳо нашр шуда буд. Қирғизистон марзашро бо Тоҷикистон аз 24-уми май пурра баст ва байни ду кишвар парвози ҳавопаймоҳо низ қатъ шудааст.

Дарозии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр аст, ки аз он то имрӯз танҳо 504 километр таъину нишонагузорӣ шудааст. Аксар вақт ихтилофҳо дар қитъаҳои баҳсии марзӣ, дар замин, об, убури ғайриқонунии марз ва ихтилофи байни мардум ба амал меоянд.

XS
SM
MD
LG