Дар чанд ҷумла
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон нерӯҳояшро дар наздикии марзи Афғонистон ба ҳолати омодабош даровард
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон гуфт, нерӯҳои худро, ки дар хатти дуввуми дифоъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон қарор дорад ба ҳолати омодабош ва реҷаи махсуси хидмат гузаронд.
Фаридун Маҳмадализода роҳбари маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, рӯзи 26-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нерӯҳои мусаллаҳи вазорат дар минтақа дар ҳолати омодабош қарор доранд ва дар сурати пеш омадани зарурат барои ҳифзи марз сафарбар мешаванд. Маҳмадализода гуфт, “мо медонем, ки вазъият дар ҳамсоякишвари мо Афғонистон чӣ гуна аст, ҳамарӯза таҳлил мекунем, ки дар оянда чӣ рух хоҳад дод. Агар ҳолати убури ғайриқонунии марз ва ё муноқиша рух диҳад мо ҳама вақт омода ҳастем. Қисмҳои низомие, ки дар минтақаҳо мустақар ҳастанд хуб медонанд, ки дар ҳолати пеш омадани ҳолатӣ ҷангӣ кадом вазифаро бояд иҷро кунанд”.
Субҳи 22-юми июн дар пайи даргирии сахт байни нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон ва Толибон, гузаргоҳи Шерхон-Бандар ба дасти ин гурӯҳ гузашт. Дар ин макон “Пули дӯстӣ” сохта шудааст, ки Тоҷикистонро ба Афғонистон мепайвандад. Мақомоти расмии Тоҷикистон эълон карданд, ки 134 сарбози давлати Афғонистон дар ҷанг бо Толибон (ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯъ) ақибнишинӣ карда, дар қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурданд.
Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон вазъ дар сарҳад бо Афғонистонро мураккаб номида гуфт, ки дар даҳ рӯзи ахир дар чаҳор вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон ҷанг байни Толибону нерӯҳои давлатии Афғонистон идома дорад ва “ноҳияҳои Чоҳёб, Янги Қалъа, Дарқад, Дашти Қалъа, Хоҷағори вилояти Тахор, вулусволиҳои Дашти Арчӣ, Имом Соҳиб ва Қалъаи Золи вилояти Қундуз, ду гузаргоҳ – «Шерхон Бандар» ва «Кокул» ба дасти Толибон гузаштанд.”
Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади бештар аз 1300 километрӣ дорад, то ҳол шоҳиди ақибнишинии сарбозони афғон ба қаламрави кишвар нашуда буд. Мақомоти расмӣ чанд рӯз пеш аз эҳтимоли вуруди паноҳандагони афғон ҳам ҳушдор дода буданд. Ҷангиёни Толибон дар ҳоле фаъол шуда чандин минтақаи Афғонистонро зери даст дароварданд, ки Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико эълон кард, ки то рӯзи 11-уми сентябр сарбозони кишварашро, ки 20 сол онҷо буданд, аз Афғонистон берун мекунад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Додситонӣ қазияи "устухон фурӯ бурдани сарбоз"-ро таҳқиқ мекунад
Ба думболи марги як навсарбоз дар ноҳияи Ҳамадонӣ, додситони низомии Тоҷикистон дастур додааст, қазияи дар бемористон ҷон додани ӯ ҳамаҷониба таҳқиқ шавад.
Ғолибҷон Иброҳимов, сарбози 23-солаи як қисми низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 25-уми апрел ҷон бохтааст ва сабаби маргашро фурӯ бурдани ноогоҳонаи устухон гуфтаанд.
Ду манбаи огоҳ аз қазия рӯзи 29-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Фирдавс Ҳаётзода, муовини додситони кулл ва додситони низомии Тоҷикистон ба Кӯлоб омадааст ва қарор аст, барои мулоқот ба хонаводаи Ғолибҷон Иброҳимов биравад.
Навсарбози тоҷик, ки моҳи октябри соли гузашта ба хидмат рафтааст, ба гуфтаи худаш ҳангоми истеъмоли палав устухон фурӯ бурдааст ва афсарон бо вуҷуди дарди зиёд ба сиҳатии ӯ беэътиноӣ кардаанд.
Ҳодиса рӯзи рӯзи 6-уми апрел рух додааст ва Ғолибҷон Иброҳимов ва пас аз 19 рӯз ҷон додааст.
Ду манбаъ дар мақомоти интизомии Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки додситони низомӣ дастури қатъӣ додааст, ки тамоми далелҳо дар бораи муоинаву муолиҷаи сарбози бемор дар шифохонаҳо таҳқиқ шавад. Маргу мири сарбозон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон як масъалаи дарднок аст ва ҳамеша баҳси зиёдеро дар ҷомеа бармеангезад.
Русия мехоҳад ҳаҷми боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро зиёд кунад
Мақомоти Русия мехоҳанд, ҳаҷми боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро 12 баробар зиёд кунанд.
Хабаргузории РКБ аз қавли манобеаш навиштааст, лоиҳаи ин қонунро ҳукумат дастгирӣ кардааст.
Тибқи ин ислоҳот, аз ҷумла, гирифтани шаҳрвандии Русия ё баромадан аз он аз 4 ҳазор рубл ба 50 ҳазор рубл зиёд мешавад.
Нархи иҷозати истиқомати муваққат ҳам аз 1920 рубл ба 15 ҳазор рубл афзоиш хоҳад ёфт. Дар сурати қабули ин қонун, арзиши иҷозаи доимӣ то 30 ҳазор рубл мешавад. Феълан арзиши ин ҳуҷҷат 6 ҳазор рубл аст.
Лоиҳаи қонун пешбинӣ мекунад, ки шахсони бешаҳрванд, собиқ шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ, иштирокчиёни барномаи кӯчонидан (переселение) ва онҳое, ки дар ҷанги Русия алайҳи Украина иштирок доранд, аз пардохти ин боҷҳои давлатӣ озоданд.
Мақомоти Русия мегӯянд, аз тариқи зиёд кардани боҷи давлатӣ барои муҳоҷирон, мехоҳанд хароҷот барои гузарондани санҷишҳоро рӯйпӯш кунанд.
Баъзе вакилони Думаи давлатӣ, аз ҷумла Константин Затулин гуфтааст, ин сахтгириҳо ба бозори меҳнат ва муносибати Русия бо кишварҳои дигар зарар мерасонанд.
Ба гуфтаи ин вакили порлумони Русия, бо зиёд шудани боҷи давлатӣ, муҳоҷирон қариб тамоми маоши худро барои ҳуҷҷатҳо сарф мекунанд ва ин ҳолат метавонад боиси афзоиши муҳоҷирати ғайриқонунӣ шавад.
Баъди соли 2024 Русия барои муҳоҷирон даҳҳо қонуни сахтгирона ҷорӣ кард, ки кору зиндагии муҳоҷиронро сахту душвор кардааст.
Ин дар ҳолест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз афзоиши фишорҳои бесобиқа дар Русия изҳори нигаронӣ мекунанд.
Бисёре аз муҳоҷирони тоҷик низ мегӯянд, ки зиндагӣ ва кор дар ин кишвар ҳар рӯз мушкилтар мешавад.
Дар Тоҷикистон, ки бештар аз 10 миллион аҳолӣ дорад, дарёфти кору маоши муносиб осон нест ва ҳар сол садҳо ҳазор муҳоҷир ба Русия ва кишварҳои дигар мераванд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, моҳи октябри соли 2025 дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, бештар аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ба ин омор эътироз накард, вале ӯ соли 2022 гуфта буд, ки Тоҷикистон ин қадар муҳоҷири корӣ надорад.
Дидори намояндагони Толибон ва Тоҷикистон дар Бадахшон
Намояндагони ҳукумати Толибон ва мақомоти Тоҷикистон мавзӯи бозкушоии консулгарии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Афғонистонро баҳс кардаанд.
Ба гузориши расонаи Афғонистон, аз ҷумла, "Пажвок" ва Afghanistan International, ин мавзӯъ ахиран дар дидори намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон ва волии вилояти Бадахшони Афғонистон баррасӣ шудааст.
Дар ин дидор, ки ҳафтаи гузашта анҷом шуд, ду тараф ҳамчунин дар бораи равобити тиҷоратӣ миёни ду кишвар, аз ҷумла тақвияти бозорҳои марзӣ ва беҳтар кардани назорати сарҳади давлатӣ гап задаанд. Маълум нест, ки ҷонибҳо ба чӣ хулоса расидаанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин дидор ва натиҷаи он расман хабар надодаанд.
Тоҷикистон моҳи августи соли 2021 консулгариашро дар вилояти Бадахшони Афғонистон муваққатан баст. Ин кор замоне анҷом шуд, ки Толибон қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд.
Тоҷикистон то кунун ҳукумати "Толибон"-ро ба расмият нашинохтааст ва сафорати Афғонистон дар Душанбе дар ихтиёри сафири ҳукумати пешини Кобул қарор дорад.
Тоҷикистон аз замони ба қудрат баргаштани "Толибон" дар Афғонистон дар баробари ин гурӯҳ мавқеъгирии шадид дошт ва дар моҳҳои охир ин робитаҳо рӯ ба гармӣ овардааст.
"Таҷовуз ва ғорат". Боздошти Боқиев ва ҷустуҷӯи 5 ҳамроҳаш дар Амрико
Дар шаҳри Филаделфия, дар аёлати Пенсилванияи Амрико, ки макони муҳоҷират ва кору иқомати садҳо зодаи Тоҷикистон аст, шаш ҷавони то бистсола ва эҳтимол зодагони Осиёи Марказӣ ба ҳамла ва дуздиву таҷовуз ба номус гумонзад шудаанд.
Пулиси Филаделфия дар баёнияе рӯзи 27-уми апрел гуфт, яке аз ин ҷавонҳо Саидаҳмад Боқиеви ҳаждаҳсола дастгир ва панҷ тани дигар дар ҷустуҷӯ ҳастанд.
Гуфта нашудааст, ки Боқиев зодаи кадом кишвар аст ва чанд муддат боз дар Филаделфия иқомат дорад.
Номи панҷ гумонзади дигар ҳам нашр нашудааст, вале пулис онҳоро “сафедпӯст, то 20-сола, мӯяшон сиёҳ ва эҳтимол рус ё аз Осиёи Марказӣ” тасвир кардааст.
Ҳодиса субҳи 25-уми апрел дар як маҳаллаи Филаделфия иттифоқ уфтодааст. “Онҳо маҷбурӣ ба як бино даромада, ҷабрдидагонро бо таҳдиди силоҳ ғорат ва таҷовуз кардаанд,” - гуфта шудааст дар баёнияи пулиси Филаделфия. Расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, ки ба як ҳаммом ҳамла шудааст.
Ба иттилои расмӣ, ҷавонҳо пас аз расидани маъмурони интизомӣ “аз болои бом гурехтаанд”.
Талоши мо барои гирифтани шарҳи бештар ва маълумот дар бораи гумонзадҳо аз мақомоти Филаделфия ҳанӯз натиҷа надод. Пулиси Филаделфия дар баёнияаш танҳо ҳаминро гуфтааст, ки Саидаҳмад Боқиев ба ҳамла, таҷовуз, дуздӣ ва иттиҳомҳои дигар гумонзад аст.
Ангезаи ҳамла ва баёнияи ибтидоии Саидаҳмад Боқиев, ки ҳоло дар боздошт аст, рӯшан нест.
Бино ба маълумоти гуногун, аз 10 то 16 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиндагӣ карда, асосан дар бахши тиҷорату нақлиёт ва хидматрасонӣ фаъоланд. Бахше аз онҳо дар шаҳри Филаделфия ҷойгир шудаанд. Соли 2025 як навраси 17-соларо аз Тоҷикистон, ки дар натиҷаи занозанӣ даргузашт, дар шаҳри Филаделфия дафн карданд.
Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи вижаи Трамп суҳбат кард
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, бо Серҷио Гор, фиристодаи вижаи президенти ИМА дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, дар Душанбе суҳбат кардааст.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 28-уми апрел хабар додааст, ки дар ин мулоқот ҳамкориҳои ду кишвар “дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва амният” баррасӣ шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин суҳбат гуфтааст, ки ИМА яке аз панҷ кишвари аслии сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон аст.
Серҷио Гор гуфтааст, ки Доналд Трамп, президенти ИМА ба талошҳои Эмомалӣ Раҳмон барои субот дар минтақа арҷ мегузорад.
Дар хабарнома гуфта шудааст, ки Тоҷикистон омодаи ҳамкорӣ бо ИМА “дар соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷ ва коркарди маъданҳо, саноати сабук, хӯрокворӣ, кимиё ва дорусозӣ” аст.
Дар ин мулоқот зикр шудааст, ки Тоҷикистону ИМА дар чаҳорчуби созмони “С5+1” ҳамкориро идома хоҳанд дод.
ИМА аз оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ин кишвар ҳамкориро оғоз ва миллиардҳо доллар ба Душанбе кумак намудааст.
Сарбози Вазорати мудофиа худро дар рӯди Кофарниҳон ғарқ кардааст
Як сарбози Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 27-уми апрел худро ба рӯдхонаи Кофарниҳон дар ноҳияи Ваҳдат андохта, ғарқ шудааст.
Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода, сокини 23-солаи ноҳияи Файзобод ҳашт моҳ пеш ба артиш рафта, сарбози баталёни минрубии Вазорати дифоъ дар ноҳияи Рӯдакӣ будааст.
Насим, як тан аз наздикони ӯ рӯзи 28-уми апрел дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз қавли шоҳидон гуфт, ки ӯ телефони мобилиашро ба як зани роҳгузар дода, худро аз болои панҷараи пул ба рӯдхона ҳаво додааст.
"Зан фикр кардааст, ки ӯ телефонро баро аксгирӣ ба ӯ додааст ва вақте ин ҳодисаро мебинад, сахт метарсад. Ба он зан ягон гап нагуфтааст, ки чаро ин корро мекунад. Дигар раҳгузарон ҳам шоҳид будаанд. То 500-600 метр ӯ дар рӯи об метофтааст, вале баъдан дар зери об нопадид шудааст,"--гуфт ӯ.
Ҳоло наздикони Шаҳбоз ва сокинони маҳаллӣ пайкари сарбозро дар соҳилҳои Кофарниҳон ҷустуҷӯ доранд.
Ба гуфтаи пайвандонаш, сарбоз барои даҳ рӯз дар рухсатӣ буд ва имрӯз, 28-уми апрел, мебоист ба маҳалли хидматаш бармегашт. Онҳо гуфтанд, ки ӯ аз шароити бади хидмат шикоят дошт ва мегуфт, ки гурдаҳояш осеб дидаанд. Он рӯз ба наздиконаш гуфтааст, ки барои ташхис ба беморхонаи шаҳри Ваҳдат меравад.
Дар маҳалли ҳодиса як тан аз масъулони қисми ҳарбӣ, ки Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода онҷо сарбоз буд, ҳузур дошт ва ӯ нахост телефонӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ гап занад.
Наздикон мегӯянд, намедонанд, ки чаро ӯ ба ин кор даст задааст, чун ба онҳо чизе нагуфта будааст.
Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода соле пеш издивоҷ карда, як тифли панҷмоҳа дорад.
Наздикони бархе сарбозон аз шароити нохуб дар қисмҳои ҳарбӣ ва озори сарбозон аз ҷониби сарбозони бузургтар ё афсарон шикоят мекунанд. Солҳои гузашта ҳам чанд навори азияти сарбозон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд.
Мақомот мегӯянд, вазъ дар қиёс ба солҳои пеш хеле беҳтар шудааст ва тамоми шароит барои сарбозон муҳайё аст. Аммо ҳамоно аз фоҷиаҳо дар нерӯҳои мусаллаҳ хабарҳо мерасанд.
Боздошти як мансабдор дар Душанбе барои "тамаъҷӯӣ"
Як мансабдор дар Душанбе бо гумони гирифтани 20 ҳазор сомонӣ пора ё тамаъҷӯӣ, боздошт шудааст.
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 27 апрел дар баёнияе аз ин шахс Наҷмудинзода Д.А. ном бурда, ки дар раёсати заминсозии "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" - и пойтахт ба ҳайси муттахассис кор мекардааст.
Ба иттилои Оҷонсӣ, тафтишот маълум кардааст, ки гумонбар соли 2025 барои ҳуҷҷатгузории қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз як сокин 20 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи манбаъ барои ҳуҷҷатгузории замин ҳамагӣ 1000 сомонӣ пардохти давлатӣ пешбинӣ шудааст.
Назари худи Наҷмуддинзода ба ин иттиҳом маълум нест.
Ба иттилои Оҷонсӣ, нисбат ба ин мансабдор барои тамаъҷӯӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Дар Тоҷикистон ҳамасола чандин мансабдор барои тақсими ноодилона ё фурӯшу ҳуҷҷатгузории ғайриқонунии замин боздошту зиндонӣ мешаванд.
Фурӯш ва истифодаи ғайриқонунии заминро дар кишвар як "дарди бедаво" меноманд.
Шеваи дарёфти кӯмакпулӣ барои кӯдакони муҳоҷир сахттар шуд
Ҳукумати Русия шеваи дарёфти кӯмакпулӣ барои кӯдакони муҳоҷирро сахттар кард. Бар асоси меъёри нав дар Русия, аз ин ба баъд онҳое, ки тоза соҳиби шаҳрвандии ин кишвар шудаанд, ҳаққи гирифтани кӯмакпулии ягона барои фарзандонашонро надоранд.
Хабаргузории давлатии ТАСС бо такя ба санади ҳукуматӣ гуфтааст, хориҷиён ё муҳоҷирон танҳо баъди 5 соли гирифтани шиносномаи русӣ, метавонанд барои кӯдакони худ кӯмакпулӣ ё ширпулӣ гиранд.
Ин тағйирот аз якуми апрели соли 2027 ба иҷро медарояд. Кӯмакпулии ягона ин пардохти давлатиест, ки барои дастгирии занони ҳомила ва фарзандони то 17-сола пешбинӣ шудааст. Албатта бо шарте, ки ин оилаҳо ниёзманд буда, макони доимии зисташон Русия бошад.
Маблағ барои ҳар як кӯдак вобаста ба вазъи молӣ ё даромади оила, пешбинӣ мешавад. Дарёфти ин кӯмакпулӣ барои бисёр хонаводаҳои муҳоҷири тоҷик ҳам сарчашмаи муҳими зиндагӣ буд.
Тоҷикон соли 2025 камтар ба муҳоҷират рафтаанд
Мақомоти расмии Тоҷикистон гуфтаанд, ки соли гузашта бештар аз 702 ҳазор нафар аз шаҳрвандони кишвар бо ҳадафи муҳоҷирати корӣ ба хориҷ рафтаанд, ки дар муқоиса ба соли 2024 тақрибан 100 ҳазор нафар камтар аст.
Дар омори расмии рафтуомади муҳоҷирон, ки имрӯз ба дасти Радиои Озодӣ расид, омадааст, дар соли 2024 бештар аз 790 ҳазор нафар ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд ва дар байни онҳо бештар аз 200 ҳазор нафарашон зан будаанд.
Дар бораи сабабҳои майли камтари мардум ба муҳоҷирати корӣ нагуфтаанд, аммо бино ба гузоришҳо, сахт шудани муқаррароти кору иқомат дар Русия, мизбони асосии муҳоҷирони тоҷик аз иллатҳои коҳиши муҳоҷирати кории тоҷикон шудааст.
Ҷомеашиносон бадрафтории маъмурони милиса бо муҳоҷирони тоҷик, аз роҳ бозгардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ва ба Русия роҳ надодани ҳазорон нафари онҳоро аз сабабҳои дигари камтар шудани муҳоҷирати корӣ медонанд.
Тоҷикистон дар радифи он кишварҳои ҷаҳон аст, ки муҳоҷирон дар пешрафти иқтисоди он саҳми фавқуллода бузург мегузоранд. Аз ҳар хонаводаи тоҷик, тақрибан як узви оила дар муҳоҷирати корӣ аст ва аз ҳисоби ин муҳоҷирон ба иқтисоди Тоҷикистон солона миллиардҳо доллар ворид мешавад. Айни замон ҳукумат ҳам аксар вақт танқид мешавад, ки қодир нест, шароити муносиберо барои кор дар дохил фароҳам оварад, то мардуми зиёде, фарзандону ҳамсарони худро гузошта дар хориҷ барои худу хонавода рӯзӣ ҷустӯҷу кунанд.
Замин дар Тоҷикистон ларзид. КҲФ гуфт, касе осеб надидааст
Рӯзи 27-уми апрел дар шаҳри Душанбе ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон заминларзаи сахте сабт шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои миллии Тоҷикистон хабар дод, ки заминларза соати 11:46 дақиқа рух дода, талафоти ҷонӣ ва хисороте дар пай надоштааст.
Ба иттилои манбаъ, маркази зилзила ҳудуди Афғонистон буда, қувваи зилзила дар он ҷо 4-5 дараҷа, дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон 3-4 дараҷа ва дар шаҳри Душанбе 2 дараҷаро ташкил додааст.
Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳар сол дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад.
Манъи фурӯши либоси арӯсӣ ба духтарони то 18-сола дар Гурҷистон
Як шабакаи фурӯши куртаҳои арӯсӣ дар Гурҷистон, фурӯши фата ё пироҳанӣ арӯсиро ба духтарони поинтар аз синни 18 манъ кардааст.
“Ҳар як духтар ҳақ дорад, ки соҳибмаълумот шавад ва ояндаро худаш интихоб кунад”. Бо ин шиор яке аз калонтарин толорҳои фурӯши либосҳои арӯсӣ бо номи “Марианела” дар Гурҷистон барои пешгирӣ аз издивоҷи бармаҳали духтарон маъракаи ғайриоддиро ба роҳ мондааст. Тасмим гирифтаанд, ки дигар танҳо ба арӯсони аз 18-сола боло куртаи арӯсӣ пешниҳод кунанд.
Ин толор 30 сол боз бо арӯсон кор мекунад ва ба гуфтаи муассисонаш дар ин муддат борҳо шоҳиди издивоҷи духтарони ноболиғ шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, мушкили асосӣ ин аст, ки духтарони наврас ин корро як амри маъмул медонанд.
Дар Гурҷистон издивоҷи духтарони ноболиғ пурра манъ аст, вале бо ин вуҷуд ба гуфтаи фаъолон мушкил ҳамоно доғ боқӣ мемонад.
Дар зимн никоҳи бармаҳали духтарон дар Тоҷикистон ҳам ҳомиёни ҳуқуқ, аз ҷумла ваколатдори ҳуқуқи инсонро сахт нигарон кардааст. Бо вуҷуди баландтар шудани синни издивоҷ, бино ба омори Додгоҳи олӣ, соли 2025 бештар аз 3300 духтари ноболиғ оила барпо кардаанд.
Бештари афроди гуруснаи ҷаҳон дар 10 кишвар зиндагӣ мекунанд
Дар як гузориши солона, ки бо ҳимояти Созмони Милали Муттаҳид таҳия ва рӯзи 24 апрел нашр шуд, омадааст, ки соли гузашта аз се ду қисми афроде, ки дар саросари ҷаҳон бо бӯҳрони ғизоӣ рӯбарӯ буданд, дар даҳ кишвар зиндагӣ мекунанд.
Бар асоси ин гузориш дар бораи бӯҳрони ғизо, ки бар пояи маълумоти СММ, Иттиҳоди Аврупо ва ниҳодҳои башардӯстона таҳия шудааст, ҷангҳо ва даргириҳо ҳамчунон сабаби аслии ноамнии сахти ғизоӣ боқӣ мондаанд. Илова бар ин, тағйироти иқлим низ сабаби афзоиши гуруснагӣ ва фақр шудааст.
Дар ин гузориш омадааст, ки Афғонистон, Покистон, Бангладеш, Ҷумҳурии Мардуми Конго, Мянмар, Нигерия, Судон, Судони Ҷанубӣ, Сурия ва Яман аз ҷумлаи кишварҳое буданд, ки дар соли 2025 шумори зиёде аз сокинонаш бо бӯҳрони ғизоӣ рӯбарӯ буданд.
Дар ин гузориш аз бархе талошҳо дар Афғонистон, Бангладеш, Сурия ва Мянмар ситоиш шудааст, ки монеъ аз бадтар шудани вазъ шуданд.
Бар асоси ин гузориш, дар соли 2025 ҳудуди 266 миллион нафар дар 47 кишвар ва минтақаи ҷаҳон бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ рӯбарӯ буданд, ки ин рақам дар муқоиса бо соли 2016 тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст.
Ин гузориш аз коҳиши босуръати кӯмакҳои ҷаҳонӣ ҳушдор дода ва гуфтааст, ки агар вазъият ба ҳамин минвол идома кунад, вазъ дар соли ҷорӣ низ тира хоҳад буд.
Вазири корҳои хориҷии Эрон бо султони Умон дидор кард
Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон рӯзи 26 апрел дар идомаи сафарҳои хориҷии худ дар робита ба музокирот бо Амрико, бо Ҳайсам бин Ториқ, султони Умон, дидор кард.
Хабаргузории давлатии Эрон дар хабаре умумӣ ва бе зикри ҷузъиёт навишт, ки ин дар бораи "талошҳои миёнҷигарӣ ва талошҳое, ки бо ҳадафи поён додан ба даргириҳо анҷом мешавад", гуфтугӯ кардаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Эрон пештар эълон карда буд, ки Аббос Ароқчӣ пас аз сафар ба Покистон, қарор аст ба Масқат, пойтахти Умон, сафар кунад.
Умон то лаҳзаи оғози ҳамлаҳои муштараки Амрико ва Исроил ба хоки Эрон дар 28 феврали соли ҷорӣ, нақши миёнанарав байни Теҳрон ва Вашингтонро иҷро мекард.
Дар хабарҳо омада буд, ки Ароқчӣ пас аз дидор бо мақомоти Умон, эҳтимолан ба Исломобод, пойтахти Покистон, боз хоҳад гашт
Хабаргузории эронии ИЛНА дар ин бора навишт, "бар асоси барномарезии эълоншуда аз сӯи Вазорати корҳои хориҷӣ, вазири умури хориҷӣ қарор аст баъд аз поёни сафар ба Умон ва қабл аз сафар ба Русия, бори дигар аз Покистон дидан кунад".
Дар ҳамлаҳои Русия ба Украина 10 тан ҷон бохтанд
Дар ҳамлаҳои Русия ба ҷануб-шарқи Украина даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд.
Мақомоти украинӣ мегӯянд, ки дар идомаи ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳбодии Русия ба шаҳри Днепро дар рӯзи 25 апрел, 10 тан кушта ва 49 нафар маҷрӯҳ гаштанд.
Алексадр Ханжа, раиси вилояти Днепро гуфтааст, ки дар ҳамлаи аввал, бахши калоне аз як бино пас аз ҳамла фурӯ рехт ва дар он чаҳор ҷасад пайдо шуд.
Ба гуфтаи ӯ, ин маҳал давоми рӯз дар ҳоле, ки наҷотбахшон дар ҳоли кор буданд, дубора мавриди ҳамла қарор гирифт, ки дар натиҷа 2 нафар кушта ва ҳафт тани дигар захмӣ шуданд.
Нерӯҳои ҳавоии Украина эълон карданд, ки ҷониби Русия 619 паҳбод ва 47 мушакро давоми шаб партоб кард, ки аз ин миён 580 паҳбод ва 30 мушак аз сӯи нерӯҳои онҳо раҳгирӣ ва сарнагун шуданд.
"Аксари наврасоне, ки ҷиноят мекунанд, мактаб намехонанд"
Як таҳлил дар Тоҷикистон маълум кардааст, ки аксаран ноболиғоне даст ба ҷиноят мезананд, ки аз таҳсил дур мондаанд.
Бино ба гузориши Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон, аз 842 наврасе, ки соли гузашта ҷиноят содир кардаанд, беш аз 500 нафар онҳое будаанд, ки ба таҳсил фаро гирифта нашудаанд.
Дар ин гузориш, ки соли равон нашр шуд, Ваколатдор бо такя ба омори Вазорати корҳои дохилӣ аз афзоиши ҷинояткории наврасон хабар дода, вазъро нигаронкунанда хондааст.
Ба таъкиди ӯ, дур мондани кӯдакон аз мактаб хатари ҷинояткорӣ дар миёни онҳоро бештар мекунад. Дар гузориш мисоли мушаххасе оварда нашудааст, аммо мақомот пайваста аз кордкашиву занозан ва дуздии наврасон хабар медиҳанд.
Омбудсмен ҳамчунин ҷинояткорӣ нисбати ноболиғонро ҳам ташвишовар хонда, гуфтааст, дар ин давра нисбати наврасон 1440 ҷиноят, аз ҷумла одамкушӣ, таҷовуз ба номус ва ҳаракатҳои бадахлоқона, содир шудааст.
Нигаронии ваколатдори ҳуқуқи кӯдак аз дур мондани ноболиғон аз таҳсил дар ҳолест, ки Вазорати маорифи Тоҷикистон ин мавзӯъро ҳалшуда хонда, гуфта буд, кӯдакон пурра ба мактаб фаро гирифта шудаанд.
Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон, аз ҷумла, ЮНИСЕФ дар солҳои гузашта борҳо мавзӯи канор мондани наврасони тоҷик аз таҳсилро матраҳ карда буданд.