Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

МАГАТЭ аз посух надодани Эрон ба дархосташ ибрози нигаронӣ кард


Рафаэл Гросси, дабири кулли Оҷонси Байналмилалии Энергияи Атомӣ
Рафаэл Гросси, дабири кулли Оҷонси Байналмилалии Энергияи Атомӣ

Оҷонси Байналмилалии Энергияи Атомӣ (МАГАТЭ) рӯзи ҷумъа 25-уми июн дар як изҳорот гуфт, ки Теҳрон ба дархости ин созмон дар бораи тамдиди паймони муваққати назорати атомӣ, ки шоми рӯзи панҷшанбе ба итмом расидааст, посух надодааст.

Рафаэл Гросси, дабири кулли ин созмон, рӯзи 17-уми июн бо ирсоли як нома ба мақомоти Эрон дар бораи тамдиди созишнома дархост фиристод, аммо ҳукумат то ба ҳол посух надодааст. Оҷонсӣ дар изҳороти охири худ ба Шӯрои мудирон гузориш пешниҳод кард, ки дар он "посухи фаврӣ" -и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин замина талаб карда мешавад. Моҳи марти соли гузашта ҳукумати Эрон бар асоси як қатъномаи Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, дастрасии нозирони Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ ба иншооти атомиро маҳдуд намуда иҷрои ихтиёрии Протоколи иловагиро қатъ кард.

Баъдан, Теҳрон ва МАГАТЭ ба созиши се моҳа даст ёфтанд, ки тибқи он дурбинҳои назоратии МАГАТЭ дар иншооти атомӣ барои се моҳ кор мекарданд, аммо дастрасӣ ба хотираи дурбинҳо танҳо дар сурати лағви таҳримҳои ИМА алайҳи Эрон дода мешуд. Созишномаи се моҳа барои як моҳи дигар тамдид карда шуд, аммо муҳлати он шоми панҷшанбеи 23-уми июл ба поён расид. Зимнан, Паймони муваққатии назорати атомӣ (NPT), як созшиномаи калидӣ бораи эҳёи созишномаи атомии соли 2015 бо Эрон мебошад.

Энтони Блинкен вазири корҳои хориҷии Амрико рӯзми ҷумъа "таҷдид нашудани" созишномаи байни Эрон ва МАГАТЭ-ро "хеле нигаронкунанда" номид ва таъкид кард, ки ихтилофи қобили мулоҳиза миёни ИМА ва Эрон боқӣ мондааст. Блинкен афзуд, ки дар сурати идомаи нақзи тааҳудот, бозагашт ба Барҷом (созиши атомии соли 2015 Эрон бо қудратҳои ҷаҳон) душвор хоҳад буд. Эрон ва кишварҳои узви созишномаи атомӣ соли 2015, аз ҷумла Фаронса, Олмон, Русия, Бритониё ва Чин то кунун дар Вена шаш даври музокирот анҷом додаанд ва мақомоти давлати Амрико ба таври ғайримустақим дар он ширкат доштанд.

Таъхири Эрон дар тамдиди Паймони назорати атомӣ дар ҳолест, ки дабири кулли МАГАТЭ ҳафтаҳо пеш аз паёмадҳои тамдид нашудани созишнома ҳушдор дод ва гуфт, ки чунин тасмим дидгоҳи байналмилалиро дар робита ба барномаи атоми Ҷумҳурии Исломӣ боз ҳам бадтар мекунад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG