Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден ба раҳбарони Афғонистон гуфт, сарнавишти кишварашонро ба даст гиранд


Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури Афғонистон ва Абдуло Абдулло раиси Шӯрои олии сулҳ дар Кохи Сафед

Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико зимни мулоқот бо Ашраф Ғанӣ президенти Афғонистон ва Абдулло Абдулло, раиси Шӯрои олии сулҳ аз онҳо даъват кард, ки тақдири ояндаи кишварашонро ба даст гиранд. Байден сарони Афғонистонро дар Кохи Сафед рӯзи 25-уми июл истиқбол гирифт ва онҳоро "ду дӯсти дерина" хонда гуфт, ки ҳимояти ИМА аз Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии таҳти раҳбарии ИМА пас аз тақрибан ду даҳсолаи ҷанг, хотима намеёбад.

Ашраф Ғанӣ, зимни суханронӣ дар Кохи Сафед гуфт, ба тасмими Байден дар бораи хуруҷи нерӯҳои ИМА эҳтиром мегузорад ва гуфт, ки ин қарор ҳамаро водор кард вазъиятро «аз нав арзёбӣ ва баррасӣ кунанд». Байден гуфт, "хушунатҳои бешуурона ", ки ин кишварро азият медиҳад, бояд хотима ёбад ва афзуд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тамоми талошро ба харҷ медиҳад, то Афғонистон барои ин "абзори заруриро дошта бошад".

Толибон ҳафтаи ахир даҳҳо ноҳияеро, ки зери назорати нерӯҳои давлатӣ қарор дошт, таҳти тасаруфи худ дароварданд. Мақомоти афғон рӯзи 25-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки пас аз як ҳамлаи нерӯҳои амниятӣ ба Толибон задухӯрдҳои шадид ба амал омад. Ашраф Ғанӣ гуфт, ки нерӯҳои амниятии Афғонистон шаш ноҳияро рӯзи 25-уми июн бозпас гирифтанд. Ғанӣ дар мулоқот бо хабарнигорон гуфт, авлавияти Кобул айни замон "мудирияти оқибатҳо"-и ҳаводиси охир аст.

XS
SM
MD
LG