Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон 870 ҳолати нави сирояти COVID-19 ошкор гашт


Даромадгоҳи "минтақаи сурх" дар яке аз бемористонҳои шаҳри Бишкек
Даромадгоҳи "минтақаи сурх" дар яке аз бемористонҳои шаҳри Бишкек

То субҳи 19 июн дар Қирғизистон 870 ҳолати сирояти коронавирус ва пневмония ошкор карда шуд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Қирғизистон хабар додааст. Гуфта мешавад бори охир чунин нишондиҳандаи баланд моҳи июли соли гузашта ба қайд гирифта шудааст. 25 июли соли 2020 дар ин кишвар 877 ҳолати нави сирояти коронавирус ошкор шуда буд. Шумораи беморони COVID-19 дар Қирғизистон аз оғози ҳамагирӣ ё пандемия то ҳоло 114 ҳазору 300 нафарро ташкил дод. Дар ин муддат 1925 нафар фавтидаанд. Аз аввали моҳи июни имсол дар ин кишвари ҳаммарзи Тоҷикистон афзоиши шумораи сироятёфтагон ба мушоҳида мерасад, ки онро "мавҷи сеюм" -и COVID-19 донистаанд. Биноан, шаҳрдориҳои Бишкек ва Ош дубора дар фаъолияти муассисаҳои фароғатӣ ва нуқтаҳои хӯроки умумиро маҳдуд карданд. Ситоди фаврии ҷумҳуриявии зидди коронавирус тавсия дод, ки шаҳрвандон ба Бишкек ва вилоятҳои Чу ва Ош, ки дар он ҷо вазъи эпидемиологӣ бад аст, сафар накунанд. Қирғизистон аз 21 майи соли равон марзҳояшро бо Тоҷикистон ба тври якҷониба бастааст. Тоҷикистон аз моҳи январ ба ин сӯ мегӯяд, дар ин кишвар ягон ҳолати сироят ба COVID-19 ошкор нагаштааст.

XS
SM
MD
LG