Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макей ва Лавров сарнавишти Сапегаро баррасӣ карданд


25 май. Акс аз саҳнаи гӯё дар қонуншиканӣ иқрор шудани София Сапега гирифта шудааст
25 май. Акс аз саҳнаи гӯё дар қонуншиканӣ иқрор шудани София Сапега гирифта шудааст

Рӯзи 18 май дар Маскав вазири хориҷаи Беларус Владимир Макей бо ҳамтои русаш Сергей Лавров сарнавишти шаҳрванди дар Минск боздоштшудаи Русия София Сапега, дӯстдухтари блоггери ҳабсшуда Раман Пратасевичро баррасӣ кардааст. Дар як нишасти хабарие, ки 18 июн дар Маскав ҷараён гирифт, Лавров ба хабарнигорон гуфт, ки Макей ӯро дар бораи парвандаи ҷиноии Сапега ва ҳам як шаҳрванди дигари боздоштшудаи Русия Егор Дудников хабардор кард. Дудников моҳи маи соли ҷорӣ барои ширкат дар намоишҳои эътирозии зидди раҳбари худкомаи Беларус Александр Лукашенка боздошт шуд. Лавров гуфт, “сафорати Русия дар Минск ин қазияҳоро таҳти назорати ҷиддӣ қарор додааст” ва афзуд, ки умедвор аст вазъияти атрофи Сапега ва Дудников “базудӣ ҳал мешавад”. Ӯ аз додани ҷузъиёт худдорӣ кард.

Мақомоти беларусӣ рӯзи 23 май Сапега ва Пратасевичро аз ҳавопаймои ширкати тиҷоратии Ryanair, ки аз Атен ба Вилнюс парвоз мекарду онро маҷбуран дар Минск фуруд оварданд, боздошт карданд. Фуруди маҷбурии ҳавопаймо дар Минск, ки аз як кишвари аврупоӣ ба дигараш парвоз мекард, мавриди маҳкумияти кишварҳои ғарбиву аврупроӣ шуд. Вале додгоҳи Беларус дар ҳукми 14 июнаш гуфт, ки Сапега озод намешавад ва боздошти ӯ қонунӣ буд.

XS
SM
MD
LG