Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров эҷоди пойгоҳи низомии Туркия дар Озарбойҷонро "як овоза" номид


Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия
Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров сарусадоро дар бораи ин ки Туркия дар хоки Озарбойҷон як пойгоҳи низомӣ месозад, ҳамчун “овоза” рад кард. Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон зимни боздидаш аз Боку ҳафтаи ҷорӣ бунёди як пойгоҳи низомии Туркия дар хоки Озарбойҷон бар пояи созишномаи рӯзи 15 июн бо президенти ин кишвар Илҳом Алиев имзошударо аз эҳтимол дур надонист. Аҳдномаи Шуша оид ба равобити шарикии миёни Озарбойҷон ва Туркия рушди ҳамкориҳои низомии миёни Анкара ва Бокуро пешбинӣ мекунад. Дар нишасти матбуотие, ки рӯзи 18 июн дар Маскав аз ҷониби Сергей Лавров ва вазири хориҷаи Беларус Владимир Макей барпо шуд, аз дипломати баландпояи рус пурсиданд, ки то куҷо ин эҳтимол воқеӣ аст. Лавров гуфт, ки ин мавзӯъ баррасӣ нашудаст ва афзуд, ки “мо овозаҳоро шарҳ намедиҳем”. Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин рӯзи ҷумъа гуфт, ки Маскав таҳаввулоти атрофи эҳтимоли эҷоди пойгоҳи туркӣ дар хоки Озарбойҷонро пайгирӣ мекунад. Песков гуфт, ки Русия замони ба субут овардани вазъ дар Қафқози Ҷанубӣ баъди ҷанги шашҳафтаинаи миёни Арманистону Озарбойҷон бар сари минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ бо Туркия дар тамоси наздик қарор дошт.

XS
SM
MD
LG