Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

$329 млн дар семоҳаи 2021 - пули фиристдаи муҳоҷирони тоҷик


Гурҷистон ҳам яке аз кишварҳоест, ки шаҳрвандони зиёдаш дар хориҷа кор карда ба оилаҳояшон пул мефиристанд
Гурҷистон ҳам яке аз кишварҳоест, ки шаҳрвандони зиёдаш дар хориҷа кор карда ба оилаҳояшон пул мефиристанд

Бонки Марказии Русия омори сармояеро нашр кард, ки шахсони воқеӣ дар семоҳаи аввали имсол ба берун аз кишвар фиристодаанд. Тибқи он, Тоҷикистон аз лиҳози ҳаҷми интиқоли пул аз Русия байни кишварҳои ИДМ дар ҷойи сеюм мебошад. Тавре аз рақамҳо бармеояд, муҳоҷирони тоҷик дар ин давра ба ватан 329 миллион доллар фиристодаанд, ки дар қиёс ба соли гузашта 9 дарсад камтар будааст. Имсол аз ҳама бештар зодагони Узбекистон аз Русия ба кишвари худ пул фиристоданд. Ҷойи дуввумро дар ин амал Қирғизистон гирифтааст. Ин омори Бонки марказии Русия дар ҳоле нашр мешавад, ки равуои мунтазами ҳавоӣ байни Душанбеву Маскав аз 1-уми апрел оғоз шуд ва шаҳрвандони Тоҷикистон баъди тақрибан як соли баста будани марзҳо имкон ёфтанд, ба Русия сафар кунанд. Соли гузашта муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия 1 миллиарду 741 миллион доллар фиристода буданд. Бисёре аз онҳо дар авҷи паҳншавии коронавирус бино бар ҷорӣ шудани карантин бекор ва бемаош монданд ва натавонистанд ба оилаҳояшон пул фиристанд. Мақомоти Тоҷикистон, ки аз эълони миқдори ин маблағҳо худдорӣ мекунанд, иқрор намудаанд, ки дар ин давра расидани пули муҳоҷирон ба кишвар ба маротиб кам шудааст.

XS
SM
MD
LG