Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии интиқоли нирӯи корӣ ба Русия тавассути қаторҳои чартерӣ


Русия мехоҳад то нимаҳои моҳи июл тариқи поездҳои чартерӣ муҳоҷиронро ба ин кишвар интиқол бидиҳанд. Нашрияи “Коммерсант” менависад, ки Вазорати кишоварзӣ ва ширкати Роҳи оҳани Русия масъалаи ташкили хатсайрҳои чартерӣ барои овардани коргарон аз кишварҳои ҳамсояро матраҳ доранд. Ба бовари мақомоти рус, аз ин тариқ метавон мушкили камбуди нерӯи кориро дар бахши кишварзӣ ҳал кард. Тибқи нақша дар соли ҷорӣ ба корҳои мавсимии кишоварзӣ дар Русия ҷалб кардани беш аз 38 ҳазор коргар дар назар аст. Ба гуфтаи вазорати кишоварзии Русия феълан муҳоҷирон танҳо тариқи ҳавопаймо имкони сафар ба Русияро доранд, ки интиқол аз ин роҳ 80 ҳазор рублро ташкил медиҳад. Овардани нерӯи корӣ тавассути Роҳи Оҳан 12 ҳазор рубл харҷ хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG