Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

АП: Мусофирони ҳавопаймои Челябинск ва Барнаул дар Хуҷанд дармонданд


Фурудгоҳи Хуҷанд. Акс аз соли 2017
Фурудгоҳи Хуҷанд. Акс аз соли 2017

Рӯзи 17 июн садҳо мусофире, ки тариқи ширкати “Уралские авиалинии” ба шаҳрҳои Челябинск ва Барнаули Русия сафар доштанд, дар фурудгоҳи Хуҷанд дармонданд. Як масъули намояндагии ин ширкати ҳавоӣ ба хабаргузории “Азия-плюс” гуфтааст, ки парвозҳо ба далели мушкилоти техникии ҳавопаймо ба таъхир афтодаанд. Дар натиҷа тақрибан 440 мусофир сари вақт парвоз накарда, гурӯҳе аз онҳо маҷбур шуданд шабро дар фурудгоҳ рӯз кунанд. Дар ҳамин ҳол ширкати ҳавоии Тоҷикистон “Сомон Эйр” ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷорӣ шудани маҳдудияти вобаста ба пандемия дар пойтахти Русия ба ҷадавали парвозҳои онҳо таъсир нарасондааст. Ба қавли ширкат, айни замон ҳавопаймоии "Сомон Эйр" парвозҳои мунтазамро ҳафтае ду маротиба, яъне рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа бо хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе иҷро менамояд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 8 ва аз Москва 11:50 дақиқа ба вақти маҳаллӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG