Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар 3 моҳи аввали имсол муҳоҷирон ба Тоҷикистон $329 млн фиристоданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Бонки Марказии Русия омори пулҳои интиқолдодаи шахсони воқеъӣ ба хориҷи кишвар дар се моҳаи аввали соли ҷориро нашр кард. Тибқи он, Тоҷикистон аз лиҳози ҳаҷми интиқоли пул аз Русия байни кишварҳои ИДМ дар мақоми сеюм мебошад.

Тавре аз рақамҳо бармеояд, муҳоҷирони тоҷик дар ин давра ба ватан 329 миллион доллар фиристодаанд, ки дар қиёс ба соли гузашта 9 дарсад камтар будааст. Имсол аз ҳама бештар зодагони Узбекистон аз Русия пул фиристоданд. Дар ҷойи дуввум Қирғизистон қарор гирифтааст.

Ин омори Бонки марказии Русия дар ҳоле нашр мешавад, ки равуои муназзами ҳавоӣ байни Душанбеву Маскав аз 1-уми уми апрел оғоз шуд ва шаҳрвандони Тоҷикистон баъди тақрибан 1 соли баста будани марзҳо, имкони сафар ба Русияро пайдо намуданд.

Соли гузашта муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия 1 миллиарду 741 миллион доллар фиристода буданд. Бисёре аз онҳо дар авҷи паҳншавии коронавирус бино бар ҷорӣ шудани реҷаи гӯшанишинӣ бекор ва бемаош монданд натавонистанд ба оилаҳояшон пул фиристанд.

XS
SM
MD
LG