Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархҳои баланду даромади паст. Мардуми Бадахшон аз гаронии маводи хӯрокворӣ шикоят доранд


Бозори шаҳри Хоруғ. Акс аз бойгонӣ.
Бозори шаҳри Хоруғ. Акс аз бойгонӣ.

Сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) аз болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал шикоят мекунанд. Мақомоти маҳаллӣ инро бо шароити объективии минтақа марбут медонанд.

Сайёра Зулфикорова муаллимаи синфҳои ибтидоии яке аз мактабҳои миёнаи шаҳри Хоруғ мебошад. Маоши ӯ каме бештар аз 900 сомонӣ (тақрибан 90 доллар) аст. Ӯ ду фарзанд ва шавҳари маъюб дорад, ки 400 сомонӣ нафақа мегирад.

"Пештар маош ҳам ҳамин қадар буд, аммо нархи маҳсулоти ғизоӣ пасттар буд, мо метавонистем ҳадди ақал баъзан гӯшт ва дигар маҳсулоти заруриро бихарем. Ҳоло рӯзгузаронӣ аз ин моҳ ба моҳи дигар тақрибан номумкин аст, ҳатто агар шумо барои ҳама чиз сарфа кунед", - мегӯяд ӯ. Аз маҳсулоти зарурӣ, оилаи Зулфикоровҳо, ба гуфтаи ӯ, ҳоло бештар орд, макарон, равған ва сабзавоти аз ҳама зарурӣ барои пухтани хӯрокҳои хоксоронаро мехаранд.

Сокинони ВМКБ тақрибан ҳар сол аз болоравии нархи хӯрокворӣ ва маоши паст шикоят мекунанд. Аксари хонаводаҳо, ба мисли дигар минтақаҳои кишвар, аз ҳисоби муҳоҷирон зиндагӣ мекунанд, ки ҳар моҳ ба онҳо миқдори муайяни пул мефиристанд. Душвориҳои аз ҳама бештар насиби хонаводаҳои кормандони давлатӣ (буҷавӣ) мебошад, ки бо маошу нафақа ё кумакпулиҳои дигар зиндагии худро пеш мебаранд.

"НАРХҲО МИСЛИ МАСКАВ, МАОШ МИСЛИ СОМАЛӢ"

Радиои Озодӣ талош кард, ки бо тоҷирони бозори марказии Хоруғ тамос гирад, то нархи маҳсулоти заруриро дар рӯзи 16-уми июн бифаҳмад.

Бозорҳои наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон дар Бадахшон аз чанд вақт ба ин тараф баста мебошанд.
Бозорҳои наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон дар Бадахшон аз чанд вақт ба ин тараф баста мебошанд.

Ҳамин тавр, ба гуфтаи мусоҳибони мо, як килограм картошка 5-6 сомонӣ, сабзӣ - 10 сомонӣ, пиёз - 3 сомонӣ, помидор - 8 сомонӣ, як дона тарбуз аз 25 сомонӣ ва аз он боло, равғани 5-литра - 118 сомонӣ, як килограм гӯшти гов 60 сомонӣ, гӯшти мурғ - 35 то 38 сомонӣ, як литр шир 8 сомонӣ ва як халта орди 50-килоӣ 270 сомонӣ арзиш доранд.

Ба гуфтаи Рустам, як сокини дигари ВМКБ, ки ба наздикӣ аз муҳоҷират омадааст, нархҳо дар бозор қариб баробари нархҳои Маскав мебошанд, танҳо дар он ҷо шумо пул кор карда метавонед, вале дар ин ҷо на кор асту на замин.

"Ғайр аз он, як киловат барқ 26 дирам арзиш дорад ва вобаста ба қурби пул боз ҳам баландтар мешавад. Ҳоло дар як хонаи дуҳуҷрагӣ мо барои истифодаи барқ қариб 120 сомонӣ месупорем, дар зимистон он хеле гаронтар аст",- мегӯяд Рустам. Ба гуфтаи ӯ, қабл аз омадан ба хона, ӯ нақша дошт, ки дар Тоҷикистон кор пайдо кунаду бимонад, аммо дар чунин шароит вай инро имконнопазир мешуморад.

"СОЛ ТО СОЛ БАДТАР МЕШАВАД"

Рӯзноманигор Улфат Маъсум мегӯяд, ки шароити зист дар минтақа сол аз сол бадтар мешавад, гарчанде ки нархи ғизо дар саросари кишвар баланд аст. "Ман инро ба он рабт медиҳам, ки рақобати дурусти бозор ва қобилияти тиҷорат вуҷуд надорад. Мудирияти дуруст вуҷуд надорад. Дар ҳолати паст будани тавони харидории аҳолӣ, нархҳо бояд пасттар шаванд, аммо онҳо гаронтар мешаванд. Ғайр аз ин, ба минтақа молҳои пастсифату мӯҳлати истифодаашон гузаштаро меоранд. Ҳодисаҳои заҳролудшавӣ мавҷуданд. Аммо ман надидам, ки касе онро боздорад. Ба эҳтимоли зиёд, мақомот ё наметавонанд масъалаҳои нархро ба танзим дароранд ё намехоҳанд",-афзуд Улфат Маъсум.

Ба гуфтаи вай, вазъи иқтисодӣ ба рӯҳияи иҷтимоӣ дар ҷомеа сахт таъсир мерасонад. "Аз бонкҳо қарздорон зиёданд. Аммо онҳо қарзро пӯшонида наметавонанд. Мардум дар ҷустуҷӯи доимии пул ба дом уфтодаанд. Боварӣ ба он буд, ки ҳукумати кунунӣ иқтисоди варшикастаи минтақаро ҷобаҷо хоҳад кард, аммо вобастагии аз ҳад зиёд ба марказ, ин интизориҳоро бароварда накард",- мегӯяд мусоҳиби мо.

"ДАЛЕЛҲО ОБЪЕКТИВИАНД"

Намояндагии Кумитаи зиддиинҳисории ВМКБ мегӯяд, ки онҳо розӣ ҳастанд, ки нархи ғизо баланд аст, аммо ба гуфтаи онҳо, ин тамоюл дар саросари кишвар мушоҳида мешавад, зеро 85 дарсади маҳсулот ба кишвар аз берун оварда мешавад.

"Дар минтақаи мо аз сабаби набудани роҳҳои алтернативӣ, ҳама чиз мураккабтар мешавад. Ва барои ҳар як килограм моле, ки ба назди мо меояд, 50-60 дирам илова карда мешавад. Аз ин рӯ, он каме гаронтар мебарояд, аммо арзиши он аз дигар минтақаҳои кишвар чандон фарқ намекунад", -мегӯянд дар ин ниҳод.

Шоҳроҳи Кӯлоб-Қалъаихум-Хоруғ.
Шоҳроҳи Кӯлоб-Қалъаихум-Хоруғ.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, мақомоти ВМКБ бо мақсади кушодани марзҳо бо Чин гуфтушунид доранд, ки аз он ҷо баъзе маҳсулоти заруриро бо нархҳои арзонтар ворид кардан мумкин аст, аммо чӣ натиҷа медиҳад, чизе гуфтан ҳоло барвақт аст.

Шароити сахти иқтисодӣ дар минтақа, ба гуфтаи коршиносон, боиси муҳоҷират кардани қисми фаъоли аҳолӣ мегардад. Бисёриҳо шаҳрвандии кишварҳои дигарро мегиранд ва барои ҳамеша аз ин ҷо мераванд. Аҳолии боқимондаи минтақа аз ҳисоби интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ва туризм зиндагӣ мекунанд. Бекорӣ дар бештари мавридҳо сабаби муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо ва маводи нашъовар мешавад.

Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз ҷиҳати масоҳат бузургтарин минтақаи Тоҷикистон аст. Аҳолии минтақа тақрибан 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад (панҷ дарсади аз шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон). Шумораи зиёди аҳолии Бадахшон дар Русия кор ва зиндагӣ мекунанд. Сатҳи камбизоатӣ дар минтақа тақрибан 40 дарсад, дар дигар минтақаҳо 20-30 дарсадро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти расмӣ, ба минтақа 2,1% (44) корхонаҳои саноатӣ ва 0,7% маҳсулоти саноатии ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатии кишвар рост меояд.

XS
SM
MD
LG