Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи мулоқоти нахустини президентони ИМА ва Русия дар Женева


Женева, мулоқоти Ҷо Байден ва Владимир Путин шурӯъ шуд
Женева, мулоқоти Ҷо Байден ва Владимир Путин шурӯъ шуд

Дар шароите, ки равобити ИМА ва Русия дар поинтарин сатҳ аз замони Ҷанги Сард қарор дорад, президентони ду кишвар аввалин мулоқоти худро барпо мекунанд. Як моҳ пеш аз ин Ҷо Байден гуфт, ки бовар дорад Владимир Путин “як қотил” аст.

Мулоқоти рӯзи 16-уми июн дар беруни Вилла де ла Гранже бо истиқболи президенти Швейсария Гай Пармелин шурӯъ шуд ва ӯ ба ҳарду нафар “як гуфтугӯи пурсамаре” таманно намуд. Ҳарду президент баъди ин дасти ҳамро фишурда барои муколама ба дарун даромаданд. Дар аввалин мулоқоти ду раҳбар онҳоро котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ва вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ба иловаи тарҷумонҳо ҳамроҳӣ мекунанд. Дар қисми баъдии сӯҳбатҳо ба онҳо мушовирону дигар мақомот ҳамроҳ мешаванд.

Ин мулоқот дар шароите барпо мешавад, ки Путин ҳамоно тамоми қудратро дар Русия дар дасти худ нигаҳ дошта, созмонҳои ҷамъиятиро буғӣ мекунаду мухолифони мисли Алексей Навалнийро ба зиндон андохтааст.

Як сухангӯи Байден гуфт, ки Кохи Сафед “на дар андешаи азсаргирии робитаҳо ва на дар фикри шиддат бахшидани онҳо мебошад”. Айни замон, Байден дар қиёс бо президенти пешин Доналд Трамп аз мавзеъгирии шадидтар кор мегирад. Аз замони сари кор омаданаш то кунун Байден аллакай ба Русия ду дафъа таҳрими иқтисодӣ ҷорӣ кард. Дар ҳамин ҳол, ӯ розӣ шуд, ки созишномаи боздорандаи силоҳ бо ИМА тамдид шавад ва ҳам барои бунёди лӯлаи гази “Северный поток-2” монеъ нашуд.

Барои Путин ин мулоқот аз қабили гуфтугӯҳо бо “қудратҳои ҷаҳонӣ” буда, давраҳои шӯравиро ба ёд меорад, ки раҳбари СССР бо раҳбари ИМА ба мулоқоте мерафт, ки аҳамияти ҷаҳонӣ касб мекард.

Дар миёни масоили мавриди баррасӣ назорати силоҳ, ҳамлаҳои рахнагарон, ҷосусӣ, тағйироти иқлим ва муқобила бо COVID-19 мебошад.

XS
SM
MD
LG