Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими миллии футболи Тоҷикистон ба марҳилаи баъдии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 роҳ наёфт


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ба марҳилаи баъдии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 роҳ наёфт. Шоми 15-уми июн баъди натиҷагирии марҳилаи дуюми интихобии Қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар минтақаи Осиё маълум шуд, тими миллии Тоҷикистон наметавонад ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёбад.

Дар доираи марҳилаи дуюми интихобии "Қаҳрамонии ҷаҳон-2022" дар Осиё, аз ҳашт гуруҳ дастаҳои ҷойи аввал ва чор дастаи беҳтарини ҷойи дуввум ба марҳилаи севвуми интихобии "Қаҳрамони ҷаҳон" ва "Қаҳрамонии Осиё" роҳхат гирифтанд. Инҳо мунтахабҳои Сурия, Австралия, Эрон, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Кореяи Ҷанубӣ, Уммон, Ироқ, Ветнам, Чин ва Лубнон ҳастанд.

Мунтахаби Тоҷикистон ҳам баробар ба тими миллии Лубнон хол гирифт, вале голҳои задаи футболбозони тоҷик назар ба дастаи Лубнон чаҳор адад кам буд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар гуруҳи "F" бо дастаҳои Ҷопон, Қирғизистон, Муғулистон ва Мянмар рақобат карда, дар ҳашт бозӣ 13 имтиёз ба даст овард. Тими миллии кишвар дастаи миллии Қирғизистонро ду дафъа шикаст дод, аз тими миллии Муғулистон чор хол ситонид, бо дастаи Мянмар як бохт ва як ғалаба ба даст овард. Дар ду бозӣ бо тими Ҷопон бохт.

XS
SM
MD
LG