Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабнам Худойдодова: Рӯзҳое, ки ман дидам, намехоҳам додарам бинад. ВИДЕО


Шабнам Худойдодова дар Лаҳистон (Полша) зиндагӣ ва таҳсил мекунад

Ҳукумати Полша ба Комрон Худойдодов, бародари Шабнам Худойдова, як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳаққи паноҳандагӣ надодааст ва тасмим дорад, ӯро ба Тоҷикистон фиристад.

Шабнам мегӯяд, ба бародараш дар Тоҷикистон хатар таҳдид мекунад. Ҳарчанд, мақомоти тоҷик дар бораи бародари ӯ назар надодаанд, вале Шабнам мегӯяд, бародараш пайваста дар ватан зери фишор буд.

Ин иттифоқ бар сари бародари ӯ дар ҳоле омадааст, ки соли 2015 дар ҳамин шабурӯз худи Шабнам дар боздоштгоҳи кишвари Беларус қарор дошт.

Ӯро бо дархости Тоҷикистон барои суҳбатҳои интиқодиаш дар бораи ҳукумати Тоҷикистон ва узвият дар созмони мамнуи “Гуруҳи 24” ҳангоми кӯшишаш барои сафар ба Аврупо боздошт карданд. Шабнам Худойдодова нӯҳ моҳ баъд, бо кӯмаки ҷомеаи байналмилалӣ озод ва дар Аврупо паноҳанда шуд. Тавре ахиран маълум шуд, чолишу мушкилоти ӯву хонаводааш бо ҳамин ба охир нарасидааст. Духтари ӯ, Фотима, ки солҳо аз модар ҷудо буд, пас аз як маъракаи густардаи ҳимоят аз ӯ дар соли 2018 мақомоти Тоҷикистон иҷозат доданд, ки ба Аврупо сафар кунад ва ба назди модараш бирасад. Шабнам Худойдова дар бораи мушкили бародараш ва дигар паҳлӯи зиндагиаш дар Полша бо Радиои Озодӣ суҳбат кард.

Шабнам аз хушбахтӣ ва мушкили додараш гуфт

Видеои суҳбат бо Шабнамро инҷо тамошо кунед:

Шабнам Худойдодова: "Аз сиёсат канор рафтам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:12:59 0:00

Шабнам Худойдодова: Бениҳоят зиндагии хуб дорам, шукр аз он мекунам, ки хушбахт ҳастам. Фарзандам дар назди ман аст. Аз ин хеле хушбахт мешавам, ки дар рӯи хонадонам фарзандамро мебинам, чунки беҳтарин неъмат барои ҳар зан фарзанд аст.

Радиои Озодӣ: Барои овардани духтаратон ҳукумати Полша ва дигар созмону ҳукуматҳо ёрӣ карданд.

Шабнам Худойдодова: Ҳукумати Полша ба ман кӯмаки хеле зиёд кард, то ки раводидро барои хонаводаи худ ба даст орам. Номаи даъват фиристоданд, ки онҳоро даъват мекунанд. Баъдан, вақте ки омадани Фотима шуд, ҳукумати Тоҷикистон ба ин иҷозат надод. Он вақт Фотима 10 сол дошт. ​

Радиои Озодӣ: Мо ҳозир дар бораи ҳодисаҳои се сол пеш сӯҳбат мекунем. Фотима ҳоло дар Полша аст ва таҳсил мекунад. Шунидам, ки бародаратон дар Полша бо мушкилот рӯ ба рӯ шудааст. Ин чӣ мушкил аст?

Шабнам Худойдодова: Бародарам вақте 16 сол дошту ноболиғ буд, дар Тоҷикистон ӯро чанд бор азият доданд. Аз тарафи ҳукумат ва мақомоти Тоҷикистон.​

Радиои Озодӣ: Ӯ фаъоли сиёсӣ набуд, чаро бо ӯ чунин бархӯрд шуд?

Шабнам Худойдодова: Ӯ фаъоли сиёсӣ набуд, ӯ додари ман буд. Вақте соли 2016 ба хонаи мо санг мезаданд, аз ҳамон сол додарам пуштибонии модарамро кард. Як коргари мақомот, ҳамоне, ки гуфтааст “ман коргари КГБ ҳастам”, гуфтааст, ки “ман ҳақ дорам бо хонаводаи Шабнам Худойдодова ҳарчӣ кунам”, “ҳукумат ба ман ин ҳақро додааст”. Додарамро мезананд. Ҳар ҳафта рӯзи душанбе ё рӯзи сешанбе хонаводаи маро мегирифтанд, мебурданд ва баъдан додарамро иҷоза намедоданд, ки бо модарам баргардад, ба хона биёянд. Додарамро чанд борҳо заданд.​

"Додарам баргардад зиндон мешавад"

Радиои Озодӣ: Аз ӯ чӣ мехостанд?

Шабнам Худойдова: Бениҳоят бо ман наздик буд, ҳамагӣ фикр карданд, ки вақте ба сари додарам мушкилӣ биёяд, ман ба Тоҷикистон бармегардам. Ман ҳамаи инро паси сар кардаму барнагаштам, ҳамаи инро таҳаммул кардам, сабр кардам, то ки як роҳи ҳале барои ҳамаи ин мушкилиҳо биёбам. Ҳоло агар додарам ба Тоҷикистон баргардад, ӯро зиндонӣ мекунанд, ин фикри ман аст. Агар ӯ баргардад, шояд ки ман ҳам баргардам. Намехоҳам он рӯзҳоеро, ки ман дидам, додарам бинад. Он чизе, ки дар зиндон ба сари ман омад, намехоҳам, ки ба сари додарам биёяд. То замоне, ки дар баданам ҷон дорам, кӯшиш мекунам, даст аз ҳимояи ҳуқуқи додарам набардорам.​

Радиои Озодӣ: Шумо нӯҳ моҳ дар зиндон будед. Дар суҳбатҳои пешинатон гуфтед, ки як ходими полис шуморо зада буд. Осори ҳамон давраро ҳоло ҳам эҳсос мекунед?

Шабнам Худойдодова: Ман пас аз зиндон ду бор ҷарроҳӣ шудам. Ҷарроҳӣ ба касалиҳои занона тааллуқ дорад. Ҳоло ҳам назди духтур табобат мегирам, саломатиам начандон хуб аст. Бисёр зуд асабӣ мешавам. Ҳар лаҳзае, ки ба сари додарам мушкилӣ меояду мегӯянд, ки ба Тоҷикистон истирдод мешавад, бехоб мешавам, фикрам бисёр мешавад. Ҳукумати Полша мегӯяд, ки пас аз истирдод шудани Мустафо Ҳаётов ба сари муҳоҷирон мушкилиҳои зиёд рехт. Мустафо дар озодӣ ҳасту ман онро озодӣ намешуморам, чунки Мустафо дар як ҳолате қарор дорад, ки бадтар аз зиндон аст. Ӯ на кор карда метонад, на зиндагиашро худаш пеш бурда метонад. Ӯ ягон кореро ба анҷом расонида наметавонад.

​"Ҳоло фаъолияти сиёсӣ надорам"

Радиои Озодӣ: Шумо боздошт шудед ва гумонбар дар ифротгароӣ дониста шудед. Ҳанӯз ҳам фаъолиятҳои сиёсиро идома медиҳед?

Шабнам Худойдодова: Ман айни ҳол, ростӣ фаъолияти сиёсӣ надорам. Дар фикрам тамоман андешаи пеш бурдани фаъолиятҳои сиёсӣ ҳам нест, чунки айни ҳол донишҷӯ ҳастам. Дар Донишгоҳи равобити байналмилалӣ мехонам.​

Радиои Озодӣ: Шумо дипломат шудан мехоҳед?​

Шабнам Худойдодова: Бале, чунки ҳар танқиде, ки ба сари ман дар Фейсбуку дигар ҷойҳо омад, ман хостам, ки зиндагии худро ба таври дигар пеш бараму зиндагии нав барпо кунам.​

Радиои Озодӣ: Яъне аз фаъолиятҳои гузаштаи худ пушаймонед?

Шабнам Худойдодова: Намегӯям, ки нодуруст буд. Ҳар мушкиле, ки инсон пуштисар мекунад, дар он мушкил ҳатман як чизи хубе ҳаст. Ман фикр намекунам, ки он бефоида буд. Ман барои худ бисёр чизҳоро фаҳмидам, дар зиндагӣ бисёр одамҳоро шинохтам. Дӯстиву душманиро фаҳмидам.​

Агар Тоҷикистон мисли Лаҳистон мебуд...

Радиои Озодӣ: То куҷо фаъолияти созмонҳои мухолифон дар хориҷаро дар шароити имрӯза муассир медонед?

Шабнам Худойдодова: Ман аз сиёсат хеле дур ҳастам, тамоман бо онҳо суҳбат намекунам, дар алоқа нестам. Ман худамро дар Полша аз мардуми тоҷик хеле дур гирифтаам гӯям, хато намешавад, то ки аз ҳамаи мушкилиҳое, ки ба сари худам ё модарам меояд, аз ҳамаи он худамро раҳо кунаму наҷот диҳам. Намехоҳам, ки фирефтаи гапу кори дигаре шавам.

Агар мо мисли Лаҳистон, Олмон, ё давлатҳои дигари аврупоиву амрикоӣ мушкил надошта бошем, дар дохили кишвар, оппозитсияи мо мушкил надошта бошаду танқид кунад, албатта, ки ин хуб мешавад. Мо мебинем, ки дар Тоҷикистон озодӣ надорем. Оппозитсияи тоҷик маҷбур аст, ки мардуми дигарро аз мушкилоти Тоҷикистон хабардор кунанд. Агар мо озодӣ дошта бошем, мо ҳам мехоҳем, ки дар дохили Тоҷикистон танқид кунему ҳарф занем. Аммо мо наметавонем. Ҳар танқиде, ки буд, бисёри сиёсатмадорон аз тарафи ҲНИТ, “Гурӯҳи 24” – бисёриҳо дар зиндон ҳастанд.

"Тоҷикистонро як оила забт кардааст"

Радиои Озодӣ: Бархе мегӯянд, интиқоди аз сиёсати ҳукумати Тоҷикистон аз берун – “хиёнат аст” ва баъзеҳо инро ватандӯстии ҳақиқӣ мешуморанд. Шумо чӣ назар доред?​

Шабнам Худойдодова: Хиёнат дар он нест, ки ҳукуматро дуздӣ мекунанд, хиёнат дар он нест, ки як ҳукумати калон танҳо дар хизмати як оила ва як авлод аст? Тоҷикистонро як оилаи Раҳмон гирифтааст, забт кардааст, дигар шаҳрвандон ҳуқуқи ҳарф заданро надоранд. Ҳар касе ҳар чизе нисбати оппозитсияи тоҷик, ки дар Аврупо асту аз берун аз кишвар ҳарф мезананд, мегӯяд, хато мекунанд. Дар давлати диктатурӣ иҷозае нест, ки оппозитсияи тоҷик дар дохил ҳарф занад.​

Радиои Озодӣ: Ин назар ҳам вуҷуд дорад, ки мухолифони сиёсӣ дар хориҷа бо ҳам соз намегиранд. ​

Шабнам Худойдодова: Ман фикр намекунам, ки чунин аст. Аввал ин ки хеле дур ҳастам аз мухолифин, намедонам, ки байни мухолифон чӣ ҳасту чӣ нест. Аммо ҷавононе ҳастанд, ки байни мухолифин бо ҳам хеле иттифоқ ҳастанду хеле ҳам муносибати хубе доранд.

Радиои Озодӣ: Тоҷикистонро чӣ гуна дидан мехоҳед?

Шабнам Худойдодова: Тоҷикистон ба ин наздикӣ чӣ гунае, ки ҳаст мемонад. Умед надорам, ки Тоҷикистони мо як Тоҷикистони озоде бошад, ки ҳар шаҳрванд озодона ҳарф занаду аз ҳуқуқи худ озодона ҳимоят кунад. Фикр намекунам, ки дар панҷсола ё даҳсолаи наздик мо ин чизҳоро бинему эҳсос кунем. Умед дорам, Тоҷикистон ба як давлати хубе бармегардад, ки ҳар шаҳрванд ҳуқуқи худро ҳимоя кунаду аз ҳуқуқи инсонии худ хабардор бошад.

Шарҳҳоро бинед (9)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG