Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зане дар Бухоро огоҳона мардеро ба ВИЧ сироят кардааст


ВИЯ (Вируси норасоии масъунияти бадан) аз роҳи алоқаи ҷинсӣ ва хун ба инсон сироят мекунад.
ВИЯ (Вируси норасоии масъунияти бадан) аз роҳи алоқаи ҷинсӣ ва хун ба инсон сироят мекунад.

Як зани 34-солаи сокини Бухорои Узбекистон як мардро ба Вируси норасоии маснуияти бадан (ВИЧ) сироят кардааст.

Мақомоти Бухоро хабар доданд, ки ҳарчанд зан медонист, гирифтори ВИЧ аст, вале бо марде бе доштани василаҳои муҳофизатӣ алоқаи ҷинсӣ кардааст.

Дар натиҷа марди ҳамхобаи ӯ ба ВИЧ сироят ёфтааст. Мақомот гуфтаанд, ки аз ин пеш ин занро борҳо, ҳатто дар шакли хаттӣ огоҳ карда буданд, ки набояд бе рифола бо марде ҳамхоба шавад.

Ҳоло нисбат ба ин зан парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Ба гуфтаи мақомот, дар бадани ӯ ҳанӯз соли 2019 ВИЧ ошкор шуда буд ва ӯ дар қайди беморхона қарор дошт.

Вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ) аз роҳи алоқаи ҷинсӣ ва хун ба инсон сироят мекунад.

XS
SM
MD
LG