Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Техас марде 13 нафарро маҷрӯҳ кард


Дар паи як тирандозӣ дар шаҳри Остини аёлати Техас рӯзи 12 июн дастикам 13 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ҳамлагар дар озодӣ ба сар мебарад. Ба иттилои полис, ду маҷрӯҳ дар ҳолати сангин мебошанд ва иттилое дар бораи кушташудаҳо нест. Ба гузориши матбуоти амрикоӣ, як мард соатҳои якуними шаб дар як маҳалли тафреҳии Остин оташ кушод. Полис гуфт, ки ҳанӯз сабаби тирандозӣ барои онҳо маълум нест. Ходими полис гуфт, бо сабаби ин ки ҳамлагар дар озодӣ аст, хатар аз байн нарафтааст.

XS
SM
MD
LG