Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бидуни медал. Ҷоми ҷаҳонии ҷудо барои варзишгарони тоҷик натиҷагирӣ шуд


Темур Раҳимов

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо барои варзишгарони тоҷик бидуни медал ба анҷом расид.

Дар ин сабқат шаш варзишгари тоҷик (панҷ нафар дар рақобатҳо байни мардон ва як нафар миёни занон) ширкат карда, ягон медал ба даст оварда натавонистанд.

Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо дар пойтахти Маҷористон – шаҳри Будапешт рӯзи 6-уми июн оғоз шуда, то 13-уми июн давом мекунад.

Дар рӯзи авали мусобиқа Шукрона Қарчиева дар вазни -48 килограм баромад карда, дар аввалин сабқат аз варзишгари Ҷопон Вакана Кога шикаст хӯрд.

Се варзишгари дигари тоҷик Шаҳбоз Саидаброров (-66 кг), Акмал Муродов (-81) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90) ҳам дар аввалин баромадашон шикаст хӯрда, аз идомаи рақобат маҳрум шуданд.

Комроншоҳи Устопириён, гӯштигири шинохтаи тоҷик ба ду рақибаш аз Габон ва Перу дастболо шуда, вале рақобати сеюмро бо намояндаи Шветсия Маркус Нуман бохт.

Рӯзи 12-уми июн охирин намояндаи Тоҷикистон дар қаҳрамонии имсолаи ҷудо Темур Раҳимов ба майдон баромад. Дар миёни шаш гӯштигири тоҷик натиҷаи аз ҳама хубро Раҳимов нишон дод. Темур Раҳимов, ки дар вазни +100 баромад мекунад, дар ду рақобати аввалаш тавонист ба ҳарифонаш аз Лаҳистон ва Қазоқистон пирӯз шавад. Вале дар сабқати сеюм Темур аз намояндаи Русия Темерлан Башаев шикаст хӯрд ва ба даври тассалобахш роҳ ёфт. Дар даври тасаллобахш рақиби Темур Раҳимов варзишгари ҳолландӣ Рой Мейер буд. Дар охирин сонияҳои ин сабқат Темур Раҳимов аз рақибаш шикаст хӯрд ва ҷойи 7-умро гирифт.

Ба иттилои вебсайти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқаи пурнуфузи ҷаҳонӣ иштироки 706 варзишгар (415 мард ва 291 зан) аз 132 кишвари панҷ қораи дунё ширкат доранд.

Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро Федератсияи байналмилалии ҷудо сар аз соли 1956 баргузор мекунад, ки аз ҷиҳати моҳияти худ пас аз Бозиҳои олимпӣ дар мақоми дувум аст. Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар ватани ҷудо – Ҷопон – бо ширкати 31 намоянда аз 21 кишвар барпо гардида буд.

Беҳтарин дастоварди Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон медали биринҷии Расул Боқиев ба шумор меравад, ки соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни то 73 килограмм ба даст овардааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG