Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фаъоли демократии Ҳонгконг аз зиндон раҳо шуд


Агнес Чоу ба ҳангоми боздошт. Акс аз августи соли 2020
Агнес Чоу ба ҳангоми боздошт. Акс аз августи соли 2020

Рӯзи 12 июн як фаъоли маъруфи ҳуқуқи инсон дар Ҳонгконг дар солгарди дуюми эътирозҳои сартосарии демократӣ алайҳи саркӯбгариҳои ҳукумати Чин аз зиндон озод шуд. Агнес Чоу 24 сол дошта, бо нимтанае бо навиштаҷоти “Корат фавқулодда аст” ба назди хабарнигорон баромад, вале аз сӯҳбат худдорӣ намуд. Чоу барои ширкаташ дар намоиши эътирозии зиддиполис дар соли 2019 ба шаш моҳи зиндон маҳкум шуд. Ҳонгконг, ки собиқ мустамликаи Бритониё мебошад, бар асоси қонунҳо, минтақаи дорои ҳукумат ва низоми мустақили иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Пекин ду сол пеш қонуни тақвияти низоми амниятиро ҷорӣ кард ва бо ин амалаш мояи эътирозҳои сокинони Ҳонконг шуд. Агнес Чоу ҳамроҳ бо дигар фаъолони ҳаракатҳои демократии ҷавонон ба ҳабс рафт, онҳо ҳанӯз дар зиндон мемонанд. Бисёр кишварҳои ғарбӣ, ки саркӯбҳои Чинро маҳкум карданд, ба Пекин ёдовар шуданд, ки бояд сиёсати ваъдагии “як кишвар ду низом”-ро дар нисбати Ҳонгконг риоя ва эҳтиром кунад. Бархе кишварҳои ғарбӣ барои саркӯбҳои нирӯҳои демократӣ Пекинро таҳрим карданд.

XS
SM
MD
LG