Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари мухолифин гуфт, Лукашенко Беларусро ба "Кореяи Шимолии Аврупо" табдил медиҳад


Светлана Тихановская

Светлана Тихановская, раҳбари мухолифини Беларус, гуфт, ҳокими худкома Александр Лукашенко Беларусро ба "Кореяи Шимолии Аврупо" табдил медиҳад.

Ӯ рӯзи 9-уми июн дар суҳбат бо қонунгузорони Амрико аз Иёлоти Муттаҳида хост, таҳримҳоро ба зидди шахсону корхонаҳое, ки режими Лукашенкоро сармоягузорӣ мекунанд, афзоиш диҳад.

Тихановская аз шаҳри Прага онлайн бо аъзои Сенат гуфт, қарори Лукашенко дар бораи фуруди маҷбурии ҳавопаймои Ryanair ба осоишу амнияти байналмилалӣ хатар эҷод кард. Ин ҳавопайморо, ки аз Афина ба Вилнюс мерафт, рӯзи 23-юми майи имсол дар Фурудгоҳи Минск поин оварда, аз дохилаш рӯзноманигор Роман Пратасевичро дастгир карданд.

"Вокуниши байналмилалӣ зуд ва муассир буд ва боис ба андешидани чораҳои амалӣ, аз ҷумла таҳқиқи Созмони Байналмилалии Ҳавонавардӣ шуд", -- гуфт ӯ, вале айни замон афзуд, "вокунишҳои байналмилалӣ набояд бо қазияи ҳавопаймои Ryanair маҳдуд шавад."

"Вазъ дар Беларус сазовори посухи ҳамаҷонибаи Иёлоти Муттаҳида ва шариконаш аст. Вагарна, ҳамаи мо дар оянда бо чунин ҳолатҳо рӯ ба рӯ хоҳем шуд, зеро Лукашенко кишвари маро ба Кореяи Шимолии Аврупо табдил медиҳад, як кишвари ношаффоф, пешгӯинашаванда ва хатарнок", -- шарҳ дод Светлана Тихановская.

Раҳбари мухолифини Беларус гуфт, Амрикову муттаҳидонаш дар Аврупо ва кишварҳои дигари ҳамфикр ин қудратро доранд, ки монеи Лукашенко шаванд. Вай аз Иёлоти Муттаҳида даъват кард, таҳримҳоро алайҳи "дӯстони самимӣ"-и раҳбари худкомаи Беларус, ки режимро маблағгузорӣ мекунанд, бештар кунад.

XS
SM
MD
LG