Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон дар бораи низои Тоҷикистону Қирғизистон: "Бархӯрди ду миллати бародар моро ғамгин кард"


Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Содир Ҷабборов.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Содир Ҷабборов.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, ба ҳалли мусолиматомези таниш миёни Тоҷикистону Қирғизистон таъкид кард. Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона рӯй дод, ки дар натиҷа аз ду ҷониб даҳҳо кас кушта ва садҳо нафар захмӣ шуданд.

Эрдуғон рӯзи 9-уми июн дар Анқара дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои қирғизи худ Содир Ҷабборов (Садир Жапаров) ба таниши марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ишора кард.

Ӯ афзуд, "ин бархӯрди ду миллати бародар моро ғамгин ва нороҳат кард. Ман аз ин фурсат истифода бурда, ба хонаводаҳои қурбониён таслият мегӯям. Мо истиқбол мекунем, ки ҳар ду ҷумҳурӣ дар ҳалли масъала хештандорӣ нишон доданд. Умед дорем, ки ҳар ду кишвар минбаъд масъалаҳои баҳсбарангезро бо роҳи осоишта ҳал хоҳанд кард".

Ба навиштаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ, дар мулоқоти Содир Ҷабборов (Садир Жапаров) бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон, дурнамои ҳамкориҳои Туркия ва Қирғизистон дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, низомӣ-техникӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шудааст. Содир Ҷабборов (Садир Жапаров) аз ширкатҳои ҳавопаймоии туркӣ даъват кард, ки аз фурудгоҳи "Манас" ҳамчун маркази логистикӣ дар Осиё истифода кунанд.

Президенти Қирғизистон рӯзи 9-уми июн ба Туркия рафт ва то 12-уми июн дар онҷо мемонад. Ин сафари нахустини Ҷабборов (Жапаров) ба Туркия пас аз интихоб шуданаш ба мақоми президенти Қирғизистон мебошад. Ӯ пеш аз ин ба Русия ва Узбекистону Қазоқистон рафта буд.

Дар як моҳи гузашта пас аз танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, шуморе аз кишварҳо аз Душанбеву Бишкек хостанд, ки бо роҳи гуфтугӯ ба танишҳо поён диҳанд.

Аз ҷумла, Вазоратҳои корҳои хориҷии Эрон, Афғонистон ва Покистон аз сар задани ин даргирӣ нигаронӣ карда, хоҳони ҳалли мусолиматомези танишҳо шуда буданд. Қазоқистону Узбекистон қаблан аз омодагии худ барои миёнҷигарӣ ҷиҳати коҳиши танишҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон хабар дода буданд.

Вазири корҳои хориҷии Амрико Энтони Блинкен ҳам дар тамоси телефонӣ бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин аз кӯшишҳо барои кам кардани таниш миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва идомаи музокирот барои нишонагузории марз ситоиш кардааст.

Ахиран гурӯҳи Толибон, ки худ даргири ҷангҳои хунин бо нерӯҳои давлатии афғон аст, аз Тоҷикистону Қирғизистон хост, ки мушкилашонро бо гуфтугӯ ҳал кунанд.

XS
SM
MD
LG