Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон даҳ касеро куштаанд, ки ба поккории минаҳо машғул буданд


Тобути онҳое, ки 8-уми июн дар Бағлони Афғонистон кушта шуданд
Тобути онҳое, ки 8-уми июн дар Бағлони Афғонистон кушта шуданд

Дар Афғонистон камаш даҳ нафареро куштаанд, ки дар вилояти Бағлон ба поккории минаҳо машғул буданд. Созмони HALO Trust, қароргоҳаш дар Бритониё, гуфт, 16 коргари дигараш аз сӯйи “шахсони мусаллаҳи ношинос” захмӣ гардиданд. Ҳодиса 8-уми июн рух дод.

Пештар Вазорати корҳои дохилии Афғонистон гуфта буд, ки ҷангҷӯёни Толибон ба урдугоҳи коргарон дар ноҳияи Бағлони Марказӣ ҳамла карда, ба сӯйи онҳо оташ кушодаанд.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, яке аз сухангӯёни Толибон, даст доштани гуруҳро дар ин ҳодиса рад кард.

HALO Trust гуфт, ҳамла ба коргаронаш тақрибан соати 10-и рӯзи сешанбе рух додааст, “замоне ки 110 сокини маҳаллӣ баъди ба поён расондани кор дар урдугоҳ қарор доштанд."

Муовини дабири кулли Созмони Милал дар умури Афғонистон, Рамиз Алакбаров, "ҳамлаи мудҳиш"-ро маҳкум кард.

Тибқи иттилои вебсайташ, HALO Trust дар Афғонистон, ки яке аз кишварҳои минакоридашуда дар ҷаҳон аст, беш аз 2600 корманд дорад. Созмон кормандонашро аз шаҳру деҳаҳои аз мина осебдида ҷалб мекунад.

Пас аз оғози хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон моҳи гузашта хушунат дар саросари ин кишвар бештар шудааст.

XS
SM
MD
LG