Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Ҷаҳонӣ аз мушкили иқтисоди Аврупо ва Осиёи Миёна гуфт


Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, бо он ки Аврупову Осиёи Миёна ба маҳви коронавирус машғуланд, боз ҳам дурнамои иқтисодии онҳо коҳиш хоҳад дошт. Сандуқи Байнулмилалии Пул 8-уми июн дар гузорише гуфт, бар асоси ёфтаҳои онҳо рушди иқтисодӣ дар 23 кишвари аврупоӣ ва Осиёи Миёна дар соли 2021 3.9 дарсад хоҳад буд. Бонки Ҷаҳонӣ ахиран ҳушдор дод, ки тақсими нобаробари ваксинаи зидди коронавирус ва адами ҳимоят аз иқтисодҳои хурд боис шудааст, ки вазъият ба сурати номушаххас боқӣ бимонад ва эҳёи иқтисоди минтақаро душвор созад.

XS
SM
MD
LG