Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тихановская будубоши президенти фирории Қирғизистонро дар Белорус шарҳ дод


Светлана Тихановская.
Светлана Тихановская.

Сиёсатмадори мухолифи Белорус, номзади пешин ба мақоми президентии Белорус Светлана Тихановская ба суоли хабарнигорон дар бораи будубоши президенти фирории Қирғизистон Қурмонбек Боқиев дар Минск посух дод.

"Бо назардошти он чи ки бо худи белорусиҳо мегузарад, фикр намекунам, ки бисёриҳо дар ин бора биандешанд. Зеро пештар ҳар коре, ки Лукашенко анҷом медод, қобили қабул дониста мешуд ва касе дар андешаи муқобила кардан набуд. Ин ҳолат то замоне давом кард, ки соли гузашта одамон эътироз карданд ва "ман"-и худро нишон доданд", - гуфт Тихановская дар посух ба суоли рӯзноманигорон.

Светлана Тихановская рӯзи 8 июн ба идораи марказии Радиои Озодӣ дар шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чех рафт.

Аз вай ҳамчунин пурсиданд, ки оё бо президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва президентии кунунии ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаев гуфтугӯ кардааст? Тихановская посух дод, ки расман бо онҳо гуфтугӯ накардааст.

Қурмонбек Боқиев соли 2005 дар Қирғизистон дар натиҷаи интиқоли мардумӣ ба қудрат расид, аммо соли 2010 дар натиҷаи инқилоби дигар аз қудрат ронда шуд. Боқиев бо хонаводааш дар Белорус паноҳ ёфт. Қирғизистон борҳо истирдоди ӯро талаб кард, аммо мақомоти Белорус посухи рад доданд.

XS
SM
MD
LG