Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ишқ"-и бузкашӣ Маликаро ба майдон овард, аммо аз ҳамсараш ҷудо кард. ВИДЕО


Бузкашӣ ё човандозии занон барои ҷомеаи Тоҷикистон ғайримаъмулӣ аст, аммо сокини 22-солаи Ҳисор, Малика Раҷабова, ин қолабро шикаста, дар иду маросим вориди майдони рақобат мешавад. Ҳарчанд мардону наздикон човандозияшро қабул надоранд, ӯ аз ҳунараш даст кашиданӣ нест.

"Бисёриҳо мегӯянд, ки духтар дар бузкашӣ чӣ кор мекунад, бояд дар хона нишинад. Ман ба гапи мардум аҳамият намедиҳам. Мардум гапҳои беҳуда мезананд, лекин бояд кори худамро кунам", -- мегӯяд ӯ.

Дар интихоби човандозӣ Малика Раҷабова аз касе пайравӣ накардааст. Мегӯяд, дар 12-солагӣ гоҳ-гоҳе аспсаворӣ мекарду дар 16-солагӣ вориди майдон шуд.

Ҳоло дар баробари мардон дар дохилу хориҷи кишвар, аз ҷумла Узбекистону Қирғизистон ва Афғонистон, дар сабқатҳои бузкашӣ ширкат мекунад.

Исмоил Салоҳиддинов, сокини шаҳри Ҳисор, мегӯяд, “тахминан 30 сол бузкашӣ кардам. 2-3 сол шуд бас кардам. Вақте буз мекашидем, Малика ҳам монанди писарон бо мо буз мекашид. Човандози хуб аст. Духтар ҳам бошад, ба мисли мардҳо буз мекашид.”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Малика аспро "ром" кард, вале шавҳарашро аз даст дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00

Малика Раҷабова мегӯяд, тақрибан дар ҳама сабқатҳои бузкашӣ захмӣ мешавад. Бовар дорад, баъзан тасодуфӣ ва баъзан барқасдона ва аз сӯйи мардони човандоз.

Муборакшоҳи Муҳаммадғаюр, сокини Ҳисор, гуфт, “як хел мардҳое ҳастанд, ки Маликаро намегузоранд, бузкашӣ кунад. Мегӯянд, зан бояд дар хона шинад. Мақсад, ки хонашин аст, бояд дар хона шинад.”

Малика Раҷабова
Малика Раҷабова

Худи Малика мегӯяд, ин шуғл натанҳо дар майдони бузкашӣ, балки дар саҳнаи зиндагӣ низ барояш дардисар офарид. Як сол пеш аз шавҳараш ҷудо шуд, чун намехост ӯ ба човандозӣ идома диҳад: “Мисли варзишгарони зан мехоҳам, оиладор бошам. Барои ман мардҳое даркоранд, ки ба монанди шавҳари Мавзуна Чориева ҳамсарашро дастгирӣ кунад, аз ман ва корам ҳимоят кунад. Бисёре аз мардҳо инро намехоҳанд.”

Малика аз ин ҳунараш даст кашиданӣ нест, баръакс, мехоҳад дар сабқатҳои бузкашӣ бештар ширкат кунад ва таҷриба андӯзад, то собит кунад, ки бузкашӣ танҳо кори мардон нест. Аммо мухолифонаш ҳамчунон ба андешаи худ пойфишорӣ мекунанд, ки ин навъи бозӣ хоси занон нест.

Шарҳҳоро бинед (12)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG