Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юлдуз Усмоноваро дар Узбекистон ба додгоҳ кашиданд


Юлдуз Усмонова
Юлдуз Усмонова

Дар Узбекистон сармуҳаррири нашрияи "Эл хизматинда" Султонбек Зиёев ва ҳуқуқшиноси ин нашрия Даврон Тоҷимуродов овозхон Юлдуз Усмоноваро ба додгоҳ кашиданд.

Сармуҳаррир ва ҳуқуқшинос аз Усмонова талаб кардаанд, барои ҳарфҳояш, ки гуфта буд, "қарақалпоқистониҳо мардуме ҳастанд, ки зери ҷомаи узбекҳо мезиянд", узрхоҳӣ кунад. Усмонова дар як барномаи телевизионӣ дар соли 2020 ин ҳарфҳоро гуфта буд.

Додгоҳи ноҳияи Мирзо-Улуғбеки шаҳри Тошканд аризаи сармуҳаррир ва ҳуқуқшиноси нашрияи "Эл хизматинда"-и Қарақалпоқистонро қабул кардааст.

Ҳарфҳои Усмонова дар мавриди сокинони Қарақалпоқистон он замон дар шабакаҳои иҷтимоӣ миёни корбарони узбекистонӣ баҳсҳои зиёдеро ба бор оварда буд. Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, Юлдуз Усмонова сокинони Қарақалпоқистонро бо ин ҳарфҳояш "таҳқир" кардааст.

То ин замон назари Юлдуз Усмонова дар мавриди қазияи мазкур дастрас нест.

Қарақалпоқистон ҷумҳурии мустақили дорои шакли идории порлумонӣ буда, дар ҳайати Узбекистон шомил аст.

XS
SM
MD
LG