Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази ноҳияе дар Афғонистон ба дасти Толибон гузашт


Харитаи манотиқи таҳти назари Толибон то 31-уми май
Харитаи манотиқи таҳти назари Толибон то 31-уми май

Дар Афғонистон маркази як ноҳияи дигар таҳти назорати Толибон гузашт ва ин яке дигар аз дастовардҳои ахири гурӯҳи шӯришӣ аст, ки дар пасманзари аз кишвар берун шудани нирӯҳои хориҷӣ рух медиҳад. Нирӯҳои ҳукуматӣ маркази ноҳияи Давлатободро, ки дар вилояти шимолии Форёб ҷойгир аст, тарк карда, ба ноҳияи наздиктарин ақиб нишастаанд. Дар ин бора рӯзи 8-уми июн манбаъҳои радиои “Афғонистони Озод” хабар доданд.

Абдулаҳад Алибек, як узви шӯрои вилоятӣ гуфт, ки сарнавишти даҳҳо ходими амниятӣ норӯшан мемонад, чунки хатти алоқа бо он ҷо бурида шудааст. Ба гуфтаи Алибек, ёрирасонӣ ба нирӯҳои давлатӣ номумкин аст, чунки шӯришиён тамоми роҳҳоро ба самти маркази ноҳия таҳти назорат гирифтаанд. Аз 1 май, замоне, ки баромадани нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон шурӯъ шуд, чандин ноҳияву минтақа зери назорати Толибон гузаштааст. Аз 6-уми июн дастикам ду ноҳия дар вилоятҳои Урузгон ва Бодғис ҳам ба дасти Толибон гузаштаанд.

XS
SM
MD
LG