Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зебулон аз тарси Толибон ватанашро тарк мекунад. ВИДЕО


Чаро нигаҳбони ягона канисаи Кобул аз Афғонистон меравад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:29 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Бовар меравад, ки дар Афғонистон фақат як яҳудӣ мондааст ва номаш ҳам Зебулон Симентов. Ӯ, ки солҳои дароз даъват барои рафтан ба Исроилро рад мекард, ҳоло аз тарси бозгашти Толибон мехоҳад, ин ватанашро тарк кунад.

Зебулон Симентов 62-сола аст. Замони ҷангҳои дохилии солҳои 90, ҳамсару ду духтараш ба Исроил рафтанд, худаш дар Кобул монд. Ҳоло, ки нерӯҳои Амрико аз Афғонистон мераванду Толибон қавитар шудаанд, Симентов ҳам рахти сафар ба Исроил бастааст.

"Иншоаллоҳ аз ҳафт то ҳашт моҳ гуфта наметавонам, вале то омадани Толиб ҳатман меравам", -- гуфтааст ӯ дар суҳбат бо телевизиони "Садои Амрико".

Симентов даҳсолаҳо боз нигаҳбони ягона каниса дар Кобул буд. Мегӯяд, пеш аз рафтан посбонеро инҷо мемонад: "Тасмим мегиранд. Онҳо хабар доранд, медонанд, ки ман корҳоямро мекунам, паспортамро мегирам ва меравам. Инҷо медиҳам, ба як нигаҳбон. Инҷо ҳаст. Бубинем, ки дар дунё чӣ мешавад."

Симентов худро бо ифтихор афғонистонӣ меномад. Умедвор аст, рӯзе бармегардад: “Ин ватанам аст, хокам аст. Таваллуд шудам, афғон ҳастам. Ду дафъа аскарӣ кардам, дар аҳди Довудхон дар Ҳирот ва дар аҳди Кармалу Наҷиб хидмат кардаам.”

Замоне дар Афғонистон ҳазорон яҳудӣ зиндагӣ мекарданд, аммо ҳамаашон ба сабаби ҷанг ё ба Исроил, ё ба кишварҳои ғарбӣ рафтанд.

Озодӣ пештар дар бораи фавти намояндаи охирини яҳудиён дар шаҳри Хуҷанд гузориш дода буд. Наворро дар инҷо тамошо кунед:

"Ягона намояндаи яҳудиён" дар маркази Суғд даргузашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00
XS
SM
MD
LG