Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони Гулнора Каримова аз СММ хостанд, ҳабси ӯро ғайриқонунӣ донад


Гулнора Каримова аввал дар ҳабси хонагӣ буд, сипас ба зиндон бурданд.
Гулнора Каримова аввал дар ҳабси хонагӣ буд, сипас ба зиндон бурданд.

Вакилони мудофеи швейтсарии Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов, рӯзи 4-уми июн ба Гуруҳи кории СММ оид ба боздоштҳои худсарона расман шикоят карданд.

Вакилон аз СММ хостанд, ҳабси Каримова ғайриқонунӣ эътироф карда шавад. Дар шикояти вакилон омадааст, ки дар зиндон ҳуқуқи Гулнора Каримова пайваста поймол мегардад.

"Баъд аз боздошташ дар моҳи феврали соли 2014 Гулнора Каримова бори аввал муҳокимаи додгоҳиашро бештар аз 18 моҳ мунтазир шуд. Нисбат ба ӯ се парвандаи беасосро тартиб доданд ва ҳар сеи он пушти дарҳои баста сурат гирифт. Каримова аз ҳаққи мустақим суҳбат кардан бо вакилони мудофеаш ва шинос шудан бо парвандаҳои ҷиноияш маҳрум буд", - омадааст дар шикояти вакилони мудофеъ.

"Мо аз мақомоти Узбекистон даъват мекунем, ки уҳдадориҳои байналмилалиашонро иҷро кунанд ва Гулнора Каримоваро фавран ва бидуни ҳеч шарту қайде аз зиндон озод кунанд", - навиштанд вакилони мудофеи швейтсарӣ.

Моҳи марти имсол Гулнора Каримоваи 49-сола, ки дар зиндони ноҳияи Зингиотаи вилояти Тошканди Узбекистон адо ҷазо мекунад, дар бораи шиканҷа шуданаш дар зиндон хабар дод.

Имон Каримова, духтари Гулнора Каримова, аз шаҳри Лондони Бритониё барои дидор бо модараш ба Тошканд омад, аммо ба модару духтари иҷозаи дидор надоданд. Ҳоло Каримова ҳукми 13 солу 4 моҳи зиндонро адо мекунад.

Додгоҳ Гулнора Каримоваро дар ташкили гуруҳи ҷиноӣ, қаллобӣ, ғоратгарӣ тавассути азхудсозӣ ва исрофкорӣ айбдор шудааст.

XS
SM
MD
LG